қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО ВА МАБЛАҒҲО БА РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ МУСОИДАТ МЕКУНАД
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатӣ, ки 30 июн баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасвиб намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, зимни баррасии лоиҳа иброз дошт, ки мақсад аз қабули қонун фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмини шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди миллӣ, фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ мебошад.
- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз муқаддима ва 13 боб иборат мебошад. Дар он номгӯи муайяни дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон, аз ҷумла дар давлатҳои хориҷӣ, ки қаблан дар эъломия расман нишон дода нашуда, аз гардиши қонунии иқтисодӣ бароварда шудаанд, тавассути сармоягузории маблағҳо ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон ва ошкор намудани онҳо қонунӣ гардонда мешавад, - гуфт раиси Бонки миллӣ.
Тибқи лоиҳаи мазкур, дигар дороиҳои шаҳрвандон тавассути пешниҳоди эъломияи ихтиёрии онҳо ва қонунигардонии молу мулки ғайриманқули шахсӣ, инчунин, дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашавандаи шаҳрвандон, ки дар қитъаи замин бо риояи қонунгузорӣ, зери сохтмон вобастагардида, мутобиқи таъйиноти қитъаи замин ва меъёру қоидаҳои сохтмон худсарона сохта шуда, нисбат ба он ҳуҷҷати муайянкунандаи ҳуқуқи моликияти шаҳрвандони кишвар гирифта нашудааст, бо роҳи пешниҳоди ариза ба комиссия оид ба қонунигардонии дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе таъсисёбанда ва гирифтани шаҳодатномаи қонунигардонӣ анҷом дода мешавад, метавонанд қонунӣ карда шаванд.
-Аз натиҷаи татбиқи лоиҳаи қонуни мазкур интизориҳои зерин дар назар аст: ворид гардидани сармояи иловагӣ ба низоми молиявӣ-бонкӣ ва ба ин васила бештар гардидани маблағгузориҳо ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ; таъсис ёфтани ширкатҳои нав, беҳтар гаштани сармояи ширкатҳои амалкунанда ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ; ба иқтисодиёти расмӣ баргардондани маблағҳои андозсупорандагон аз иқтисодиёти пинҳонӣ, коҳиш ёфтани сатҳи иқтисодиёти ғайрирасмӣ; вусъат ёфтани гардиши қоғазҳои қиматнок; рушди маблағгузории сохтмони молу мулки ғайриманқул; маблағгузории хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ; вориди сармоя аз хориҷи кишвар ва беҳтар гардидани мавқеи тавозуни пардохти ҷумҳурӣ, - зикр кард Ҳоким Холиқзода.
Маҳмуд МИРЗОЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.07.2021 №: 131 Мутолиа карданд: 3174