иҷтимоиёт
ГУЛНОРАИ ТАБИБ. КАМОЛОТИ ЯК ДУХТАРИ ТОҶИК АЗ НОҲИЯИ ВОСЕЪ ТО КИШВАРИ ЯМАН
Гинекология яке аз самтҳои асосии соҳаи тиб буда, барои пешгирӣ аз бемориҳо ва солим нигоҳ доштани занон, яъне модарони оянда, муҳим мебошад. Ҳифзи сиҳатии модару кӯдак яке аз масъалаҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Таваллуди насли солим маҳз ба фаъолияти табибони бонувон вобаста аст. Яке аз чунин табибони заковатманду барнодил дар ҷумҳурӣ Гулнора Атоева мебошад.
Гулнора Атоева дар деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар оилаи омӯзгор ба дунё омад. Ҳанӯз аз овони кӯдакӣ Гулнораи хурдакак дар дил орзуи табиб шуданро мепарварид ва ба ҳамсоязани пир, ки чашмонаш нобино буд, мегуфт: «Бибиҷон, ман табиб мешавам ва чашмони шуморо табобат мекунам, шумо ҳеҷ парво накунед!».
Бо ҳамин орзуҳо баъд аз хатми муассисаи таълимӣ Гулнора ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино раҳ гирифт. Ӯ ин боргоҳи илму амалро бо сари баланд хатм намуда, дар зодгоҳаш ҳамчун духтури бонувон ба фаъолият шурӯъ намуд. Барои гузаштан аз ординатура ба Ҷумҳурии Украина рафт. Малакаву маҳорати худро такмил дода, боз ба зодгоҳ баргашт. Дар ноҳияи Восеъ Гулнора Атоеваро ҳама хурду калон хуб мешиносанд, эҳтиром мекунанд ва бештар ба ӯ муроҷиат менамоянд. Дар валодати аксари фарзандони ин диёр ӯ саҳим аст. Тавре худаш бо лутф изҳор медорад: «Ҳамаи инҳо наберагони мананд. Онҳоро мисли ҷону ҷигарам дӯст медорам. Модаронашонро ҳам ном ба ном мешиносам».
Соли 2000 - ум ба кишвари арабии Яман сафар карда, он ҷо фаъолият бурд. Дар он ҷо низ Гулнора Атоева ҳамчун табиби ботаҷриба, фидоӣ, ҳалим ва хушлаҳн шинохта шуд. Баъдан, чанд соли дигар дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон табиб буд. Инчунин, барои такмили касбу кори хеш борҳо ба хориҷа сафар кардааст. Ба сифати ҷарроҳ низ садҳо амалиёти ҷарроҳиро дар робита ба бемориҳои занона анҷом дода, бо лутфи Худованд ба бонувони тоҷик толеи баланди модариро армуғон кардааст.
Аз соли 2011 дар Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии № 1 ба номи К. Ахмедов» - и шаҳри Душанбе чун табиби амрози занона фаъолият дорад. Имрӯзҳо давлати пирӣ ронад ҳам, зуд-зуд табибони ин даргоҳ ӯро барои ёрмандиву машварат даъват мекунанд.
Гулнора Атоева тамоми донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хешро барои шифои беморон сарф намуда, умеду орзуи ҳамешагиаш тандурустии онҳост. Имрӯзҳо, дар гирудори бемории сироятии коронавирус, ки ҷомеа ба табибони дилсӯзу боҷуръат ниёз дорад, корнамоиҳои занҳое чун Гулнора Атоева қобили дастгирист.
Заррина МУРОДЗОДА,
котиби масъули шабакаи радиоии «Овози тоҷик»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.07.2021 №: 131 Мутолиа карданд: 832