сиёсат
ВОХӮРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ АССАМБЛЕЯИ ПАРЛУМОНИИ СААД
1 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо – иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масъалаҳои таъмини самаранокии ҳамкорӣ дар тамоми самтҳои мубрами фаъолияти ҳарбӣ - сиёсии созмон, аз ҷумла соҳаи мудофиа ва амният, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ба ҳайси Раиси феълӣ, мо ба татбиқи пайгиронаи нақшаи амали тасдиқшуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, инчунин, ташаббусҳо ва пешниҳодҳои қаблии ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД диққати махсус медиҳем.
Ҳамзамон, зимни мулоқот ҷиҳати мубориза бар зидди фаъолияти харобиовари неруҳои террористӣ, оқибатҳои экстремизм, радикализм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷинояткорӣ, муттаҳид сохтани саъю кӯшиш ва ҳамоҳангсозии наздики амалҳои сохторҳои махсусгардондашудаи давлатҳо барои муқовимати самарабахш ба ин хатару таҳдидҳо зарур шумурда шуд.
Дар вохӯрӣ ба масъалаи вазъи мураккаби сиёсии Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, таъкид шуд, ки дар ин замина, Тоҷикистон минбаъд низ кӯшишҳои мақомоти расмии ин кишвар, инчунин, ҷомеаи ҷаҳонро оид ба оғози раванди сулҳ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ дар Афғонистон дастгирӣ хоҳад кард.
Дар фарҷоми мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои таъмини амният ва субот дар минтақаи масъулияти созмон барору комёбӣ орзу намуданд.
Зимни суханронии худ Раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёму дуруди Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро бо орзуву таманниёти нек расонда, масъалаҳои шомили рӯзномаи ҷаласаи ассамблеяи парлумониро шарҳ доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.07.2021 №: 132 Мутолиа карданд: 904