сиёсат
САРВАРИ ДАВЛАТ ВАЗИРИ МУДОФИАИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТАНД
1 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия Хулусӣ Акарро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот густариш ва таҳкими бештари робитаҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва ҳамкории ниҳодҳои мудофиавии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон аз сатҳу муҳтавои муносибатҳо бо Туркия, ки бар усули бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои муштарак асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ менамояд.
Ҳангоми баррасии масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ, ҷонибҳо ба роҳ мондани робитаҳои муштаракро дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои муосир ва таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самт зарур шумурданд.
Вобаста ба ташаннуҷи вазъи амниятӣ ва фаъолшавии гурӯҳҳои ифротию террористӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон, таъкид гардид, ки дар ин ҷода зарурати муттаҳидии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқовимат ба онҳо тақозо мегардад.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо атрофи вазъи имрӯзаи ташвишовари Афғонистон мубодилаи афкор намуданд. Дар зимн, зикр гардид, ки дарёфти роҳҳои сулҳомези қазияи Афғонистон ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳои минтақа мебошад.
Аз сатҳи робитаҳои сиёсии байни ду кишвар, ҳамкории босамар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ, изҳори қаноатмандӣ шуд.
Зимни вохӯрӣ, инчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.07.2021 №: 132 Мутолиа карданд: 913