иҷтимоиёт
УБАЙДУЛЛО РАҶАБОВ АЗ ДУНЁ ДАРГУЗАШТ
1 июли соли 2021, дар синни 80 – солагӣ дили саршори меҳру муҳаббати дорандаи ордени «Ситораи Президент» (дараҷаи III), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ аз тапидан боз монд.
Марги ин устоди ҳунар, шахсияти маъруфу маҳбуби кишвар на танҳо барои миллат, балки тамоми ҳаводорон талафоти бузург маҳсуб мешавад.
Мавсуф тамоми зиндагияшро барои рушду ривоҷи фарҳанги миллӣ, боло бурдани завқи худшиносии мардум, муаррифии бештару беҳтари ин миллати куҳанбунёду мутамаддин бедареғ бахшид.
Нақшҳои офаридаашро дар саҳнаҳои Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб, спектаклу намоишҳои Телевизиони Тоҷикистон, филмҳои бадеӣ чун шоҳкории бемисл ва нотакрору хоси ӯ бисёр хуш пазируфтанд. Инчунин, эътироф карданд, ки дар пояи ин ҳунарпешаи асил чи дар асри рафта ва чи асри ҳозир ҳунарпешае арзи вуҷуд накардааст. Махсусан, ҳаҷвро ба пояи бас баланд бурд. Гузашти замон, дигаргунии сохти ҷамъиятӣ онҳоро беқимат ва ё камарзиш гардонда натавонистанд.
Убайдулло Раҷабов дар Осиёи Марказӣ нахустин таъсисдиҳандаи Театри минётурии «Оина» мебошад. Ин театр дар кишвар миёни ҳазорон-ҳазор тамошогари асил мавқеи шоиста ва нотакрорро пайдо намуд.
Ӯ дар асри рафта барои озмунҳои ҷумҳуриявии «Бӯстон»-ҳо асарҳои хотирмон эҷод кард ва онҳоро рӯи саҳна овард. На танҳо ҳамчун актёр маъруф гашт, балки чун режиссёри ҳирфавӣ аз ҷониби ҳаводорон ва мутахассисон эътироф гардид. Дар ташкилу пешкаши намоишҳои оммавӣ дар мамлакат пешгомтарин нафар буд. Таҷрибаи ӯро омӯхтанд ва аз он ба манфиати рушди соҳа истифода карданд.
Чун раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ собит сохт, ки ҳамчун шахсияти сиёсӣ низ ба камол расидааст. Дар ин давра, ҳамчунин, ба ҷолибу рангину пурмуҳтаво шудани барномаҳои шабакаҳои телевизиониву радиоӣ саҳми назаррас гирифт.
То охирин рӯзҳои ҳаёти ибратомӯзаш бо навиштаҳо, суҳбатҳо, баромадҳо, намоишҳо барои беҳбудӣ, ривоҷи шоистаи театр, кино саъю кӯшиши зиёд ба харҷ дод. Махсусан, бо рӯзномаи дӯстдоштааш - «Ҷумҳурият» пайваста дар ҳамкорӣ буд.
Убайдулло Раҷабов агар ҳам аз дидаҳо рафтааст, дар дилҳо ҷой дорад, ҷойи махсус, ки онро ҳеҷ кас на гирифта ва на иваз намуда метавонад.
Барои ҳамаи наздикон, пайвандон, дӯстон, ҳаводоронаш, албатта, ин даргузашти ҷисмии ҳунарпешаи асилу маъруф бас гарон афтодааст. Аз ин рӯ, бо изҳори тасаллияти бепоён барои ҳамаи онҳо ва худамон низ сабри ҷамил хоҳонем.
Аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.07.2021 №: 132 Мутолиа карданд: 1056