logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО ВА МАБЛАҒҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИCТОН

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии аз ҷониби давлат гузаронидани иқдоми истисноии якдафъаина оид ба авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, мақcади он  фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисодиёти миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ мебошад.
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
1) авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо (минбаъд - авф) – озод намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дороиҳо ва маблағҳое, ки мутобиқи талаботи Қонуни мазкур қонунӣ гардонида мешаванд, пешбинӣ намудани имтиёзҳои андозӣ ва кафолатҳои давлатии ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандоне, ки дороиҳо ва маблағҳои худро қонунӣ мегардонанд;
2) давраи қонунигардонӣ – муҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, ки дар давоми он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дороиҳо ва маблағҳои худро қонунӣ гардонанд; 
3) дороиҳо – молу мулки манқул ва ғайриманқули зерин: 
а) металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни риояи талаботи қонунгузорӣ истихроҷ шудаанд ё бо маблағҳои пулии дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда харидорӣ шудаанд;
б) металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, коғазҳои қиматнок, ҳиссаи иштирок (молик - бенефитсиар) дар сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқӣ, инчунин  ҳама гуна молу мулки манқул ва ғайриманқул, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағҳои пулии дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда харидорӣ шуда (ташаккул дода шуда), таҳти ҳуқуқи моликияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа қарор доранд;
в) молу мулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда; 
4) маблағҳо – пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асъор, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он дар шакли нақдӣ ё ғайринақдӣ қарор доранд;
5) қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо – тартиби барасмиятдарории ҳуқуқи шаҳрвандон ба дороиҳо ва маблағҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қаблан дар натиҷаи аз гардиши қонунии иқтисодӣ бароварда шудани маблағҳои пулии дар эъломияи даромад ё ҳамчун объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда ба даст оварда шудаанд, тавассути сармоягузории онҳо ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, инчунин расмиёти барасмиятдарории ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дороиҳое, ки дар натиҷаи бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда нашудани ҳуқуқ ба он аз гардиши иқтисодӣ берун мондаанд;
6) ҳуҷҷати расмӣ оид ба қонунигардонӣ – шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо, шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии маблағҳои пулӣ (минбаъд - шаҳодатнома), ки ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашуда тасдиқ менамоянд.
Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Амали Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ, муассисон ва иштирокчиёни (саҳмиядорони) шахсони ҳуқуқӣ, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд) паҳн мегардад, ки дар давраи қонунигардонӣ дороӣ ва маблағҳои то санаи  мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур дар натиҷаи содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои авфшуда бадастовардаи худро мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур расмӣ намуда, ба гардиши иқтисодӣ ворид менамоянд.
2. Қонуни мазкур нисбат ба инҳо татбиқ намегардад:
1)  дороиҳо ва маблағҳои шахсоне, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ нагардидаанд;
2) маблағҳои ба сифати қарз гирифтаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дороиҳои ба маблағи қарз харидоринамудаи онҳо;
3) дороиҳо ва маблағҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоташон маҳдуд гардидааст ва ё аз муомилот гирифта шудаанд;
4) дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то санаи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур, вобаста ба дороиҳо ва маблағҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё берун аз он  санади эътибори қонунӣ пайдокардаи суд (дигар мақомоти мутобиқи қонун ваколатдор) оид ба мусодира ё ба шахси дигар супоридани онҳо амал мекунад, инчунин дороиҳо ва маблағҳое, ки то санаи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур ё дар давраи амали Қонуни мазкур ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо мавриди муҳокимаи судӣ қарор дорад;
5) дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур вобаста ба онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё берун аз он парвандаи ҷиноятӣ ё маъмурии оғозшуда мавҷуд аст ва шаҳрванд аз имтиёзи бо Қонуни мазкур пешбинишуда ҷиҳати қатъ гардидани парвандаи ҷиноятӣ ё маъмурии оғозшуда истифода накардааст; 
6) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба  дороиҳо ва маблағҳои тибқи Қонуни мазкур барои қонунигардонӣ пешниҳодшуда бо ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи судӣ маҳкум шудаанд;
7) дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи содир намудани ҷиноятҳо ва ё  ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба даст оварда шудаанд, ба истиснои ҷиноятҳо ва ё  ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки тибқи Қонуни мазкур авф карда мешаванд;
8) дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳое, ки тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ)-ро ба таври дахлдор татбиқ наменамоянд.
3. Амали Қонуни мазкур ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» монеъ намешавад.
Моддаи 3. Муҳлати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо
Муҳлати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо дувоздаҳ моҳро дар бар мегирад ва аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур оғоз меёбад.
Моддаи 4. Махфияти маълумот оид ба қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо
1. Маълумот оид ба дороиҳо ва маблағҳои  қонунигардонидашаванда, инчунин соҳибони онҳо махфӣ мебошад.
2. Ифшои чунин маълумот танҳо аз ҷониби суд иҷозат дода мешавад.
Моддаи 5. Тартиб ва шартҳои қонунигардонии дороиҳо  
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи қонунигардонӣ металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе риояи талаботи қонунгузорӣ истихроҷшуда ё бо маблағҳои пулии қаблан дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он харидоришударо метавонанд бо роҳи пешниҳоди эъломия оид ба молу мулк бо нишон додани таъиноти қонунигардонӣ қонунӣ гардонанд. Ҳангоми қонунигардонии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он харидоришуда ба эъломия ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хариди металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ ба расмият дароварда шудааст, инчунин ҳуҷҷати пардохти хироҷ барои қонунигардонӣ замима карда мешаванд.
2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи қонунигардонӣ коғазҳои қиматнок, ҳиссаи иштирок (молик - бенефитсиар) дар сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқӣ, инчунин ҳама гуна молу мулки манқул ва ғайриманқулро, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағҳои пулии қаблан дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда харидорӣ намуда, таҳти ҳуқуқи моликият дар хориҷа доранд, метавонанд бо роҳи пешниҳоди эъломия оид ба молу мулк бо нишон додани таъиноти қонунигардонӣ қонунӣ гардонанд. Ба эъломия ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ба чунин молу мулк, ки мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ ба расмият дароварда шудаанд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи арзиш бо тасдиқи дахлдори он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуҷҷати пардохти хироҷ барои қонунигардонӣ замима карда мешаванд.
3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи қонунигардонӣ молу мулки ғайриманқули  худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашавандаро бо роҳи пешниҳоди ариза метавонанд қонунӣ гардонанд, агар қитъаи замини зери сохтмон бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин мақсад ҷудо шуда бошад, сохтмон мутобиқи таъиноти қитъаи замин, вале бе гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдори иҷозатдиҳӣ сохта шуда бошад ва нигоҳ доштани онҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи дигар шахсонро вайрон накунанд, инчунин ба ҳаёт ва саломатии онҳо ё бехатарии объектҳои дар атрофи ин сохтмон ҷойгирбуда таҳдид накунад.
4. Эъломия оид ба молу мулк, ки дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст ва ариза, ки дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, ба комиссия оид ба қонунигардонии дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, инчунин ноҳияҳои шаҳри Душанбе таъсисдодашуда пешниҳод карда мешаванд. 
5. Шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо бо қарори комиссияи дахлдор оид ба қонунигардонӣ, ки дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, дода мешавад. Шаҳодатнома дар бораи қонунигардонӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ барои анҷом додани бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқули қонунигардонидашуда ва ҳуқуқи моликият ба он ба ҳисоб меравад.
6. Низомномаи фаъолияти комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо, намунаи шакли эъломия ва ариза, номгӯи ҳуҷҷатҳои барои қонунигардонии молу мулки ғайриманқул пешниҳодшаванда, намунаи шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо, шакли феҳристи дороиҳои қонунигардонидашуда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
7. Роҳбарони комиссияҳо оид ба қонунигардонии дороиҳо иқтибос аз феҳристи дороиҳои қонунигардонидашударо аввали ҳар моҳ ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъмини махфияти онҳо пешниҳод менамоянд.
Моддаи 6. Тартиб ва шартҳои қонунигардонии маблағҳо
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи қонунигардонӣ метавонанд маблағҳои худро бо тартиби зерин қонунӣ гардонанд:
1) дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисобҳои пасандози муҳлатноки на кам аз яксола ва ё амонати исломӣ ба ҳамин муҳлат ба номи худ ворид намудани пули миллӣ ва ё асъор бо роҳи пардохти нақдӣ ва (ё) ғайринақдӣ (бо роҳи интиқоли маблағҳо аз суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ) бо нишон додани мақсади қонунигардонӣ дар шартнома ва ҳуҷҷати  хазинавии даромад;
2) саҳмгузорӣ дар ташаккули сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ бе ҳуқуқи бозпас гирифтани маблағ аз сармоя дар давоми се сол;
3) харидории ҳиссаҳо ва саҳмияҳои шахсони ҳуқуқии тиҷоратии давлатӣ ва хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) харидории коғазҳои қиматноки давлатӣ ва хусусӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эмиссия шудаанд;
5) харидории евробондҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) иштирок дар сохтмони ҳиссагии манзил дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) ташкили хоҷагии деҳқонӣ ва маблағгузории фаъолияти онҳо тавассути ворид намудани маблағ ба суратҳисоби бонкии онҳо ё саҳмгузорӣ дар фаъолияти хоҷагии деҳқонии амалкунанда;
8) сармоягузорӣ ба соҳибкории хурду миёна бо ё бе  таъсиси шахси ҳуқуқӣ;
9) пардохти молу маҳсулот, таҷҳизоти воридотии таъиноти соҳибкорӣ;
10) сармоягузории корхонаҳои истеҳсолӣ;
11) сармоягузорӣ ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ;
12) сармоягузорӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар;
13) сармоягузорӣ ба сохтмони молу мулки ғайриманқули ба фаъолияти соҳибкорӣ вобаста;
14) сармоягузорӣ ба соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
15) сармоягузорӣ барои таъсиси субъектҳои нави фаъолияти соҳибкорӣ бо ҷои корӣ барои на кам аз 30 корманд;
16) сармоягузорӣ барои таъсис ва ё тавсеаи фаъолияти марбут ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар доираи талаботи қонунгузории амалкунанда;
17) сармоягузории такрорӣ барои рушди соҳаҳои саноат, аз ҷумла истеҳсолӣ, коркард ва кишоварзӣ;
18) ба бонкҳои ваколатдор фурӯхтани асъор.
2. Дар сурати аз суратҳисобҳои пасандози муҳлатнок ё амонати исломии муҳлатнок, ки тибқи шартнома бо бонк бо мақсади қонунигардонии маблағҳо кушода шудаанд, пеш аз муҳлат бозпас гирифтани пули миллӣ ё асъор, аз ҷониби бонкҳо 5 фоиз аз маблағ ситонида, ба буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад. 
3. Агар маблағҳои авфкардашудаи суратҳисобҳои пасандози муҳлатнок ё амонати исломии муҳлатнок бо пули миллӣ ё асъор пеш аз муҳлат дар шакли ғайринақдӣ бозпас гирифта шуда, тибқи бандҳои        2)-18) қисми 1 моддаи мазкур равона карда шаванд, пас нисбат ба маблағи мазкур муқаррароти қисми 2 ҳамин модда татбиқ намегарданд.
4. Қонунигардонии маблағҳо тавассути амалӣ намудани бандҳои      2)-18) қисми 1 ҳамин модда танҳо бо шарти аз ҷониби шаҳрванд ба суратҳисоби амонати дархостшавандаи ӯ дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман ворид намудани маблағҳои қонунигардонидашаванда бо нишон додани таъинот ва мақсади қонунигардонӣ дар шартнома ва ҳуҷҷати  хазинавии даромад ва харҷи минбаъдаи онҳо аз ин суратҳисобҳо бо таъиноти бандҳои зикршуда дар шакли ғайринақдӣ имконпазир аст. 
5. Ба шаҳрвандоне, ки маблағҳои худро тибқи  қисми 1 моддаи мазкур қонунӣ мегардонанд, бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ медиҳанд, ки ҳаҷми маблағи вориднамуда ва санаи ворид намудани онро нишон медиҳад. Дар робита ба бандҳои 2)-18) қисми 1 ҳамин модда шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ пас аз харҷи маблағи қонунигардонидашаванда аз суратҳисоби амонати дархостшавандаи бо таъиноти бандҳои дар қисми 1 ҳамин модда ишорашуда ва пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи амалӣ гардидани таъиноти банди дахлдор дода мешавад.   
6. Талаботи махсус ҳангоми кушодани суратҳисобҳои амонати муҳлатнок ё тодархостии бонкӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо маблағҳои қонунигардонидашаванда ворид карда мешаванд, намунаи шакли шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ, шакли ҳисобот, инчунин рӯйхати бонкҳои ваколатдор аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 7. Имтиёзҳои андозӣ
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дороиҳо (ба истиснои молу мулки ғайриманқул) ва маблағҳои худро тибқи Қонуни мазкур қонунӣ мегардонанд, дар давраи то амалӣ гардидани қонунигардонӣ ва дар давоми се соли пас аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур аз пардохти андозҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва фоизу ҷаримаҳои ба чунин дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашуда дахлдошта, инчунин ба даромад аз онҳо, ба маблағҳои аз фурӯши дороиҳои қонунигардонидашуда дахлдошта озод карда мешаванд ва дар давраи имтиёзи андоз, ки бо ҳамин модда муқаррар мегардад, дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашуда, инчунин даромад аз онҳо ва маблағҳо аз фурӯши дороиҳои қонунигардонидашуда ба даромади (объекти) андозбандишаванда дохил карда намешаванд. 
2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳои қонунигардонидашуда, аз ҷумла маблағҳо аз фурӯши дороиҳои қонунигардонидашудаи худро дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳамчун пасандози муҳлатнок ва ё амонати исломии муҳлатнок мегузоранд, ба даромади (объекти) андозбандишавандаи шаҳрвандон дохил карда намешаванд. Инчунин дар давоми панҷ соли пас аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур ба тариқи истисно аз пардохти андоз аз даромади чунин пасандозҳо озод карда мешаванд. 
3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки молу мулки ғайриманқулро тибқи Қонуни мазкур қонунӣ мегардонанд, дар давраи то амалӣ гардидани қонунигардонӣ тибқи Қонуни мазкур аз ҳамаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин фоизҳо ва ҷаримаҳои ба чунин молу мулки ғайриманқул дахлдошта озод карда мешаванд ва дар ин давра молу мулки ғайриманқули қонунигардонидашуда ба даромади (объекти) андозбандишаванда дохил карда намешаванд.
Моддаи 8. Хароҷоти марбут ба қонунигардонӣ
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дороиҳои худро тибқи Қонуни мазкур қонунӣ мегардонанд, ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба буҷетҳои маҳаллӣ хироҷ пардохт менамоянд.
2. Хароҷоти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда барои барасмиятдарории қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо аз ҳисоби шаҳрвандон пардохт карда мешавад.
Моддаи 9. Авфи шаҳрвандоне, ки дороиҳо ва маблағҳои худро қонунӣ гардонидаанд
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи қонунигардонӣ дороиҳо ва маблағҳои онҳо мутобиқи Қонуни мазкур қонунӣ гардонида шудаанд, авф карда шуда, барои кирдорҳои дар моддаҳои 259, 2591, 262 (дар ҳолати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳое, ки дар натиҷаи содир намудани дигар ҷиноятҳои дар ҳамин қисм пешбинишуда ба даст оварда шудаанд), 263, 269, 270, 271, 273, 274, 284, 285, 286, 287, 289 қисми 1, 291, 292, 293, 294, 295, 318, 3401-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки то oғози давраи қонунигардонӣ содир намудаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.
2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи қонунигардонӣ дороиҳо ва маблағҳои онҳо мутобиқи Қонуни мазкур қонунӣ гардонида шудаанд, авф карда шуда, барои кирдорҳои дар моддаҳои 165, 171, 407, 409, 412, 417, 421, 424, 425, 427, 430, 431, 510, 511, 5271  (дар ҳолати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳое, ки дар натиҷаи содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии дар  ҳамин қисм   пешбинишуда ба даст оварда шудаанд), 537,  538, 541, 542, 543, 545,  553, 554, 558, 572, 577,  578,  588, 591, 593, 594,  597, 599, 601, 6031, 605, 606, 615, 617, 626, 630, 644-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинишуда, ки то oғози давраи қонунигардонӣ содир намудаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешаванд.
3. Парвандаҳои ҷиноятие, ки нисбати шаҳрвандон то санаи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур аз рӯи ҷиноятҳои тибқи қисми 1 ҳамин модда авфшуда оғоз гардида буданд, инчунин дар баррасии судӣ қарор доранд, дар сурати аз ҷониби онҳо мутобиқи Қонуни мазкур қонунигардонӣ шудани дороиҳо ва маблағҳо қатъ карда мешаванд. Бо мавод аз рӯи ҷиноятҳои тибқи қисми 1 ҳамин модда авфшаванда, ки аз рӯи онҳо қарор қабул карда нашудааст, дар сурати аз ҷониби шаҳрвандон мутобиқи Қонуни мазкур қонунигардонӣ шудани дороиҳо ва маблағҳо аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбаташон рад карда мешавад.
4. Парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки нисбати шаҳрвандон то санаи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур аз рӯи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии тибқи қисми 2 ҳамин модда авфшуда оғоз гардида буданд, инчунин дар баррасии судӣ қарор доранд, дар сурати аз ҷониби онҳо мутобиқи Қонуни мазкур қонунигардонӣ шудани дороиҳо ва маблағҳо қатъ карда мешаванд. 
5. Нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи қонунигардонӣ дороиҳо ва маблағҳои худро мутобиқи Қонуни мазкур қонунӣ гардонидаанд, инчунин аз рӯи дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашавандаи онҳо, дар асоси маълумоти дар рафти қонунигардонӣ тибқи Қонуни мазкур ошкоршуда, гузаронидани ҳамагуна санҷиш ва тафтиши мақомоти давлатӣ, ҳаракатҳои мурофиавӣ, аз ҷумла таъқиби ҷиноятӣ, оғози парвандаи ҷиноятӣ ё маъмурӣ, татбиқи чораҳои ҷазои маъмурӣ ё интизомӣ манъ аст.  
6. Дороиҳо ва маблағҳои тибқи Қонуни мазкур қонунигардонидашудаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҷониби ӯ содир гардидани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди мусодира қарор намегирад.
7. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқии таъсисдодаи онҳо аз рӯи дороиҳо ва маблағҳое, ки дар натиҷаи дар эъломияи даромад ва ё ҳамчун объекти андозбандишаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон надодан ба даст оварда шудаанд ва то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур ба гардиши иқтисодии қонунӣ (ба пасандоз гузошта шудаанд, ба сармояи шахси ҳуқуқӣ ворид карда шудаанд, коғазҳои қиматнок харида шудаанд, сохтмони молу мулки ғайриманқул ва дигарҳо) ворид карда шудаанд, барои кирдорҳои дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур пешбинишуда авфшуда ҳисобида шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ кашида намешаванд.
Моддаи 10. Кафолати ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандоне, ки дороиҳо ва маблағҳои худро қонунӣ мегардонанд
1. Қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо бо ҳуҷҷати расмӣ оид ба қонунигардонӣ тасдиқ карда мешавад. 
2. Давлат ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дороиҳо ва маблағҳои худро тибқи Қонуни мазкур қонунӣ гардонидаанд, инчунин дахлнопазирии дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашударо кафолат медиҳад.
3. Шаҳрвандон аз рӯи ҳолатҳои риоя нагардидани талаботи Қонуни мазкур ҳангоми гузаронидани қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо ҳуқуқи ба суд шикоят карданро доранд.
Моддаи 11. Муҳлати даъво
1. Муҳлати даъво доир ба масъалаҳои қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон тибқи Қонуни мазкур як сол буда, пас аз гузаштани ин муҳлат чунин масъалаҳо аз ҷониби суд  баррасӣ карда намешаванд.
2. Муҳлати даъво вобаста ба масъалаҳои қонунигардонии молу мулки ғайриманқул дар сурати бо сабабҳои узрнок гузаронидани он мумкин аст, ки аз ҷониби суд барқарор карда шавад. 
Моддаи 12. Ҷавобгарӣ барои риоя  накардани талаботи Қонуни мазкур
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурра ва боэътимод будани маълумот ва ҳуҷҷатҳои ҷиҳати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои пешниҳодшуда ҷавобгар мебошанд.
2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо, ки талаботи Қонуни мазкурро риоя намекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 13. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 июли соли 2021, № 1802 
 
 
 
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 30 июни соли 2021, № 468
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2021    №: 133    Мутолиа карданд: 3912
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед