logo

сиёсат

СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбат сарварони ду давлат масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карданд.
Ба якбора бад шудани вазъи ҳарбию сиёсӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар ин замина, президентҳои Тоҷикистон ва Россия вазъи кунунии ташвишовар дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсарҳад мебошанд, ҳамаҷониба муҳокима намуданд.
Бо мақсади пешгирии таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти минтақавӣ, муҳимияти қадамҳои муштараки минбаъда ҷиҳати таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдор ва вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба зикр гашт.
Сарварони давлатҳо таъкид карданд, ки қисмати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз ҷиҳати таъмини амнияти марзҳои ҷанубии СААД ва Иттиҳод аҳамияти стратегӣ дорад.
Дар робита ба ин, масъалаҳои тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, инчунин, расондани ёрии моддию техникӣ ва кумак ба неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин масъала баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни суҳбат омодагии тарафайн ба кори ҳадафмандона дар самти рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия изҳор гардид.
 
 
5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Дар ин робита, президентҳо вазъияти ташвишоварро, ки имрӯз дар Афғонистони ҳамсоя, бахусус дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии он ҷараён дошта, периметри хати сарҳади давлатии ду кишвар бо ин мамлакат дар онҳо мегузарад, баррасӣ намуданд.
Пешвои миллат Президенти Ӯзбекистонро оид ба далелҳои нави убури маҷбурии хати сарҳади давлатӣ аз ҷониби ҳайати низомии неруҳои ҳукуматии Афғонистон воқиф карданд.
Дар ин замина, вазъ дар хати сарҳад бо ин кишвар хеле пуршиддат арзёбӣ шуд.
Омодагии ҷонибҳо барои ҳамоҳангсозии минбаъдаи ҳамкории мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар бахши таъмини амният, бахусус дар таҳкими ҳифзи сарҳад бо Афғонистон тасдиқ гардид.
Зимни суҳбат, инчунин, баъзе масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
 
Нимаи дуюми рӯзи 5 июл  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбат сарварони ду давлат ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва минтақавиро баррасӣ намуданд.
Дар манзари бад шудани вазъ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, сарварони давлатҳо ҳолати кунунии ҳарбию сиёсиро дар ин кишвари ҳамсоя муфассал муҳокима карданд.
Ҷонибҳо аз шадидтар шудани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон изҳори нигаронӣ намуданд.
Дар робита ба ин, бо мақсади пешгирии таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти минтақавӣ, аҳамияти қадамҳои муштараки минбаъда дар роҳи таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдор ва вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар зикр гардид.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2021    №: 134    Мутолиа карданд: 1297
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед