сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ
6 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо бо таманниёти нек Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрику муборакбодӣ намуданд.
Пешвои миллат дастовардҳои бузурги Қазоқистон таҳти роҳбарии Нурсултон Назарбоев, саҳми арзишманди Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистонро дар роҳандозӣ ва рушди муносиботи Тоҷикистон ва Қазоқистон зикр карданд.
Дар ин зимн, ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон ибрози ақида намуда, баъзе масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин росто, ба масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин, вазъияте, ки имрӯз дар Афғонистон ба вуҷуд омада истодааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Мавриди зикр аст, ки Сарвари давлати мо қаблан унвонии Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон барқияи табрикотӣ ирсол намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.07.2021 №: 135 Мутолиа карданд: 865