logo

сиёсат

ВАҚТ МЕГУЗАРАД, АММО...

Ба гузашта, ки менигарам ва ҳам дафтари хотираҳоро варақ мезанам, бори дигар бовар ҳосил мекунам, ки вақт зуд мегузарад, агар ҳам мехоҳем, агар ҳам намехоҳем. Пас аз он ҳатман ин пурсиш ба зеҳнам роҳ меёбад, ки онро чӣ гуна сипарӣ кардем ва чӣ нақше аз он даврон монда. Хушбахтона, посух мусбат мебошад ва маро он шод мегардонад. Ин ҳама, албатта, тавассути дурандешӣ ва дурусту сари вақт тасмим гирифтани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Соли 2006 директори Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи  автомобилгарди Душанбе - Чанак таъйин гардидам. Бунёд ва таҷдиди ин роҳ, ки орзуи садсолаи мардум маҳсуб мешуд, ҳеҷ осон набуд. Сабабҳои зиёд дошт ва мушкилот низ. Аммо ба бовари Сарвари давлат бояд сазовор мешудам.
Ин шоҳроҳ ҳамасола шаш моҳ бар асари барфу борон баста мешуд. Фаъолияти роҳсозӣ, бегумон, дар ин муддат ҳатто номумкин буд. Аз ин рӯ, қариб аксари мардум, хосса сокинони минтақаи шимоли кишвар, бовар надоштанд, ки ба бунёду таҷдидаш муваффақ гардидан, албатта, дар муҳлати муқарраргардида, мумкин аст. Аммо ин кор ҳатман бояд анҷом мепазируфт. Сухан танҳо дар бораи бунёду таҷдиди як шоҳроҳ нест, балки дар бораи бунёди долонҳои зиддитармавӣ, нақб ва пулҳо мебошад.
Мақсуди  Пешвои  миллат  равшан ва маълум буд: «Бо бунёди шоҳроҳҳо ва нақбу пулҳои замонавӣ мо ният дорем, ки дар ояндаи наздик фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва бозорҳои наздисарҳадиро васеъ ба роҳ монда, бо ин роҳ низ афзудани иқтидори иқтисодӣ ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистонро таъмин намоем.»
11 июли соли 2006, соати 8 – и субҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, ба километри 33-юми роҳи автомобилгарди «Душанбе - Хуҷанд - Бӯстон - Чанак» бо мақсади иштирок дар маросими оғози корҳои лоиҳаи азнавсозии ин шоҳроҳ ташриф овард. Зимни суханронӣ Сарвари давлат таъкид намуд: «Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, роҳу роҳсозӣ беш аз пеш аҳамияти хосса пайдо кардааст. Дар давоми 15 соли истиқлолияти давлатии худ мо қадру қимати роҳҳоро, ки ҳамеша мардум ва  кишварҳоро ба ҳам наздик менамоянд, басо хуб эҳсос кардаем.»
Бояд зикр кард, ки дар ҳамин давра вобаста ба бунёду таъмиру таҷдиди роҳҳо 14 лоиҳа, ки маблағи умумиашон 1 миллиарду 520 миллион сомониро ташкил медод, мавриди татбиқ қарор дошт.
Намояндаи масъули «Чайна Роуд» изҳор дошт, ки лоиҳа дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом меёбад.
Пас  аз  чанд  моҳ,  дақиқтараш  22  августи  соли  2006,  Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ифтитоҳи бунёди нақби мошингарди «Шаҳристон» ширкат варзид ва суханронӣ намуд. Ин суханронӣ дар баробари он, ки таърихӣ буд, ҳамчунон, манбаи омӯзишӣ дошт ва миллати моро он гуна, ки ҳаст, бо ифтихор муаррифӣ месозад: «Воқеан, калимаи «роҳ» дар фарҳангҳои тафсирӣ ба маънои «ростӣ» низ меояд ва ибораҳои «роҳи рост» ва «роҳи сафед», ки асосан покиву накукорӣ ва дуои некро ифода месозанд, дар адабиёти фарҳангофарину тамаддунсози тоҷикон собиқаи чандинҳазорсола дорад. Бинобар ин, роҳсозиву роҳкушоӣ дар ҳама давру замон нишонаи рушди мамлакат, пайвандгари фарҳанг ва маданияти ҳамон насл ба ҳисоб меравад».
Ҳамин тавр, Сарвари давлат бо амали роҳсозиву роҳкушоӣ на танҳо барои рушди мамлакат замина фароҳам овард, балки пайвандгари фарҳангу маданият ва муаррифгари ин миллати қадима гардид.
Ин нақб дар баробари дигар нақбҳои кишвар аҳамияти стратегӣ дошт ва кишвари моро бо шоҳроҳҳои Осиёи Миёна, Чин, Афғонистон, Эрон, Покистон ва Аврупо мепайваст. Арзиши сохтмонии нақби мазкур 175 миллион сомонӣ буд ва дарозии он беш аз 5 километрро ташкил медод.
Барои татбиқи лоиҳаи сохтмону таҷдиди ин шоҳроҳ бо ҳамаи  иншоотҳояш 295,9 миллион доллари ИМА дар назар дошта шуда буд. Дар ин сурат масъалаҳои таъмини истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳо, сифати корҳои иҷрошуда, ташкили фаъолият оид ба татбиқи лоиҳа ва ҳамоҳангсозӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ба вуҷуд омад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 июли соли 2006 ин муассисаи давлатӣ, яъне Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Чанакро таъсис дод. Тавре зикр шуд, пас аз 8 рӯзи он Сарвари давлат дар маросими оғози корҳои лоиҳа ширкат варзид. Зимни суханронияш, инчунин, таъкид дошт: «Манфиати иқтисодиву иҷтимоии ин роҳ ҳам барои мардум ва ҳам барои кишварамон дар ояндаи наздик хеле назаррас хоҳад буд». Вақт ҳақиқати ин суханонро бори дигар собит сохт. Аз ин манфиатҳо мардуми кишвар ба хубӣ баҳравар гардиданд. Орзуи садсолаи мардум ҷомаи амал пӯшид.
Дар он рӯзгор ҳатто мутахассисони соҳаи роҳсозиву пулсозиву нақбсозӣ иҷрои лоиҳаро зери шубҳа қарор медоданд ва инчунин, бовар надоштанд, ки он ҳатто дар солҳои мадид татбиқ мешавад. Барои шубҳа намудан асос ҳам доштанд. Тавре зикр гардид, 6 моҳ бар асари яхбандӣ, фаромадани тарма, боридани барфи зиёд, омадани сел роҳ баста мешуд.
11 июли соли 2006 бо буридани лентаи рамзӣ татбиқи лоиҳа расман оғоз ёфт. Тамоми техника, таҷҳизот ва сохтмончиён ба маҳали сохтмон сафарбар гардиданд.
Сохтмону таҷдиди шоҳроҳ ба тамоми иншоотҳояш ба се марҳила ҷудо шуд. Мақсад дар як вақт дар тамоми шоҳроҳ пеш бурдани корҳои сохтмонӣ буд. Марҳилаи якум сохтмону таҷдиди ин шоҳроҳ ба дарозии 354,1 км, сохтмони 39 адад пулҳои хурд, миёна ва калон бо дарозии 1777 метр, 352 адад васл ва хобондани қубурҳои обгузари зери роҳҳо бо дарозии  5974  метр, бунёди 19090 метр деворҳои ҳимоявии роҳ ва сохтмони ҷӯйборҳои бетониро бо дарозии 207,15 км дар бар мегирифт.
Марҳилаи дуюм сохтмони нақбҳои «Дӯстӣ» бо дарозии 1047 метр ва «Шаҳристон» бо дарозии 5253 метр, кашидани хатти интиқоли барқ дар ағбаи Шаҳристон дохил мегардид.
Марҳилаи сеюм иборат аз сохтмони долонҳои зиддитарма бо дарозии 3645 метрро ташкил медод. Барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда анҷом пазируфтани корҳои сохтмонӣ ва  таҷдид иншоотҳо ба 3 қитъа тақсим карда шуд.
Мавриди зикри махсус аст, ки рафти сохтмону таҷдиди шоҳроҳ ҳамеша дар маркази диққати Пешвои миллат буд. Барои ошноӣ ва додани дастуру маслиҳатҳои судбахш се бор ба нақби «Шаҳристон» ташриф овард. Дар маросими оғози ба истифода додани пули нави дарёи Сири вилояти Суғд 23 июни соли 2009 ширкат варзид. Ин иншоот, яъне пули нави дарёи Сир, 427 метр буда, паҳнояш 10 метрро ташкил медиҳад.
Хуллас, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва хиради азалии Пешвои миллат лоиҳа татбиқи пурраи худро ёфт. Бунёди ин шоҳроҳ бо ҳамаи иншоотҳояш назарияи сохтмониро дар кишвари мо ба маънии мусбаташ тағйир дод. Насли нави сохтмончиён дар ин мактаб парвариш ёфт. Сабаби болоравии сатҳи зиндагии мардум гардид.
Бунёди таҷдиди ин шоҳроҳ аз дастовардҳои бузургтарину муҳимтарину муфидтарини даврони истиқлол мебошад, ки бо ташаббусу ғамхориву дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.
Ҳолиё ин роҳ бо ҳамаи иншоотҳояш мавриди исифода қарор дорад. Ҳар гоҳ, ки аз ин шоҳроҳ мегузарам, он даврони ҷӯшу хурӯши кор, фаъолияти неку пурсамар пеши назар меояд ва ба Пешвои миллат аҳсан мегӯяму изҳори сипос менамоям. Инчунин, мебинаму мешунавам, ки дигар ҳамсафарон, ронандагон бо қаноатмандӣ аз Сарвари давлат бо изҳори сипос ифтихор мекунанд.
Вақт, воқеан, зуд мегузарад, аммо иҷрои корҳои неки ҳеҷ касро намегузорад, ки фаромӯш бикунанд. Албатта, дар баробари ин дар китоби таърих бо ҳарфҳои заррин навишта мешаванд. Оре, хидматҳои бузургу бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як умр дар ёдҳо мемонанду дар китобҳо навишта мешаванд. Ҳеҷ кас намехоҳад, ки онҳоро нодида бигираду бизудояд.
 
 
Қодир САИДОВ,
нахустин директори 
Маркази татбиқи 
лоиҳаи таҷдиди роҳи 
автомобилгарди 
Душанбе – Чанак
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.07.2021    №: 135    Мутолиа карданд: 1090
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед