logo

маориф

ҶАЙҲУН. ЧАРО ВАЪДАИ МАКТАБСОЗӢ ҶОМАИ АМАЛ НАПӮШИД?!

- Ҳанӯз дар синфи 10-ум мехондам, ки сохтмони мактаби шаҳраки Дӯстӣ оғоз шуда буд. Ҳамон вақт масъулон ваъда доданд, ки ояндаи наздик дар ин ҷо муассисаи таълимии муосир бунёд меёбад. Аз байн даҳ сол гузашт, вале ҳоло ҳам сохтмони он ба анҷом нарасидааст. Чун дар маҳаллаамон муассисаи таълимӣ нест, фарзандонамон барои донишандӯзӣ ба мактабе мераванд, ки аз ҷои зистамон беш аз се километр дур аст,- гуфт Диловар Амирбеков, сокини ноҳияи Ҷайҳун.
Дар қатори Диловар Амирбеков, даҳҳо волидони дигар низ аз кашол ёфтани сохтмони ин муассиса изҳори нигаронӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо, бо гузашти ин қадар сол имрӯзҳо  саҳни мактаб ба чарогоҳ табдил ёфтааст ва агар масъулон баҳри эъмораш тадбирҳои зарурӣ  наандешанд, ҳоли муассисаи навбунёд табоҳ мегардад.  
Дар иртибот ба ин масъала, мо кӯшиш намудем, ки посухи аниқу дақиқро дарёбем. Сабаб чист, ки пас аз сипарӣ шудани сездаҳ сол, то ба ҳол сохтмони мактаб ба охир намерасад? Мушкили молиявӣ ё хайр? 
 
МАБЛАҒГУЗОРИИ НОКИФОЯ  ВА СОХТМОНИ НОТАМОМ
Роҷеъ ба ин мавзӯъ сардори шуъбаи соҳаҳои иқтисодии сарраёсати молияи вилояти Хатлон Холмаҳмад Одинаев чунин гуфт: 
- Арзиши лоиҳавии бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун, ки барои 624 хонанда пешбинӣ мегардад, 21 миллион сомониро дар бар мегирад. То соли 2015 барои анҷоми корҳои сохтмонӣ ба иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 4 миллиону 260 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети вилоят 5 миллиону 694 ҳазор сомонӣ  равона шуданд. Мутаассифона, солҳои 2017 – 2018 бар асари буҳрони молиявӣ маблағгузорӣ барои идомаи корҳо суст(???) гардид, ки боиси ба таъхир мондани сохтмон шуд. Ҳамчунин, иҷро нагаштани қисми даромади буҷети вилоят ва таъҷилан ба истифода супурдани қисме аз иншооти муҳими ҷашнӣ аз сабабҳои дигари кашол ёфтани бунёди муассиса мебошанд.
Бар иловаи гуфтаҳои Холмаҳмад Одинаев сардори раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Абдулвоҳид Саъдуллозода иброз дошт, ки аслан сохтмони мактаб аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардида буд, вале баъдан маблағгузорӣ ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вогузор шуд. Аз ин рӯ, бо дарёфти манбаъҳои иловагӣ ҳар сол барои бунёди ин иншоот аз буҷети вилоят маблағи муайян равона мешавад. Вале маблағҳои ҷудогардида барои анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ нокифояанд. Маҳз бо ҳамин сабаб, ба истифода додани  муассиса  кашол меёбад.
-Вобаста ба ин, ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдои мамлакат мактуб ирсол намудем, то барои идомаи сохтмон мусоидат кунанд. Зеро ҷиҳати пурра ба истифода додани муассиса боз беш аз 12 миллион сомонии дигар лозим аст,- афзуд ӯ.
 
«ИСТИФОДАИ МАБЛАҒ ВА  КОРҲОИ СОХТМОНӢ ЗЕРИ НАЗОРАТ ҚАРОР ДОРАНД»
Ба гуфтаи Абдулвоҳид Саъдуллозода, сатҳу сифати корҳо дар иншооти мавриди назар аз ҷониби нозирони техникӣ таҳти назоратанд. Ҷиҳати ҳарчи зудтар ба анҷом расондани корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муқарраргардида ба истифода супурдани муассисаи таълимии шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун тадбирҳои заруриву таъхирнопазир андешида мешаванд.
 Мутаассифона, ин гуфтаҳои сардори раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон асоси воқеӣ надоранд. Чаро? Агар дар ҳақиқат барои сари вақт ба анҷом расондани сохтмон тадбирҳои зарурӣ андешида мешуд, мактаб хеле барвақт дари худро ба рӯи хонандагон боз менамуд.   
 
ТО КАЙ БА ЧАШМ ХОК МЕПОШЕМ?
Як омили дигари иҷро нагардидани сохтмони мактаб, пешниҳоди омори носаҳеҳи аксари масъулони мақомоти маҳаллист. Барои исботи ин гуфтаҳо як далел меорем. Маликшо Одинаев, корманди ҶДММ «Исроил Абдулло»-и шаҳри Бохтар, гуфт, ки, тахминан, панҷ сол пеш соҳибкоре ба номи Раҳматулло барои ин муассиса ба маблағи  қариб 17 000 доллари ИМА 370 метри мураббаъ тиреза фармоиш дод. Тирезаҳоро дар мактаб насб кардем, вале ҳаққи кор ва маблағи маҳсулот пурра пардохт нагардид.
- Тайи яку ним сол фармоишгар ваъдаҳои хушку холӣ дода, маблағро напардохт. Баъди ба миён омадани чунин ҳолат, маҷбур шудем, ки тирезаҳоро баргардонем. Бо сабаби  напардохтани маблағ корхонаамон 3 000 доллар зарар дид, - гуфт ӯ. 
Чуноне мебинем, ин гуфтаи корманди ҶДММ «Исроил Абдулло» аз ҷониби фармоишгар – раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон мақсаднок харҷ намудани  маблағҳоро зери суол мебарад. 
 
АГАР МАКТАБҲО БУНЁД  МЕШУДАНД…
Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Давлат Сомонзода низ аз таъхири ба истифода додани  муассиса изҳори нигаронӣ  намуд: 
- Бо вуҷуди дар маркази ноҳия фаъолият доштани ҳафт муассисаи таълимӣ ҳоло ҳам норасоии мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ аз масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мемонад. Бояд гуфт, ки дар баробари ин муассиса, дар наздикии  МТМУ № 1 боз мактаби дигар барои 1200 хонанда бояд бунёд гардад, вале сохтмони он низ тӯл кашид. Агар ин мактабҳо дар муҳлати муқарраргардида бунёд мешуданд, масъалаи мазкур то андозае ҳалли худро меёфт. 
 
БА ҶОИ ХУЛОСА
Аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ рушди соҳаи маориф аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Чуноне ҳамагон шоҳидем, тайи ин давра дар мамлакат ҳазорҳо муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир қомат афрохтанд, ки дар боло рафтани сифати таълим ва сатҳи дониши хонандагон  саҳми бориз мегузоранд. Аз ин лиҳоз, табиист, ки ба таъхир афтодани бунёди муассисаи таълимии шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун моро ба ташвиш меоварад. Пас масъулони сохтмонро мебояд, ки барои ҳарчи зудтар ба истифода додани он аз тамоми имконот самаранок истифода баранд. Дар ин кори хайр метавон соҳибкорони саховатпешаро  ҷалб намуд. Зеро ояндаи неки кишвари азизамон дар дасти насли навраси соҳибмаърифат аст. 
 
Муҳаммад САИДВАЛӢ, «Ҷумҳурият»              
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.07.2021    №: 135    Мутолиа карданд: 6448
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед