ҳуқуқ
«АДОЛАТИ СУДӢ. УМЕДВОРАМ СУДИ ОЛӢ БА ҚАЗИЯ БАҲОИ ВОҚЕӢ МЕДИҲАД»
Дар Суди Олӣ муроҷиати шаҳрванд Шамсиддин Насриддинов, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 20 майи соли 2021, № 99 таҳти сарлавҳаи «Адолати судӣ. Умедворам Суди Олӣ ба қазия баҳои воқеӣ медиҳад» нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Муайян гардид, ки бо ҳукми суди ноҳияи Данғара аз 18 январи соли 2021 Насриддин Садриддинов бо моддаи 212 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гаштааст) гунаҳкор дониста, ба ӯ ба муҳлати се сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар муассисаҳои ислоҳи сукунат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати ду сол ҷазо таъйин карда шудааст.
Бо таъйиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон аз 14 апрели соли 2021 ҳукми мазкур бетағйир, шикояти кассатсионии маҳкумшуда Н. Садриддинов беқаноат мононда шудааст.
Падари маҳкумшуда Шамсиддин Насриддинов дар муроҷиаташ дарҷ намудааст, ки суди ноҳияи Данғара зимни баррасии парванда нишондоди шоҳидон, сабти навори ҷойи ҳодиса аз 24 июли соли 2020 ва дигар далелҳои бегуноҳии писараш Н. Садриддиновро ба инобат нагирифта, ӯро беасос ва ғайриқонунӣ маҳкум кардааст.
Бояд зикр намуд, ки айни замон парвандаи ҷиноятии мазкур дар марҳилаи назоратии суди вилояти Хатлон аз рӯи шикояти маҳкумшуда Н. Садриддинов мавриди баррасӣ қарор дорад. Дастур дода шуд, ки суди марҳилаи назорати қонунӣ, асоснокӣ ва одилона будани санадҳои судиро санҷида, тибқи талаботи қонун қарори дахлдор қабул намояд.
Ш. ЛУТФУЛЛОЗОДА,
муовини якуми раиси Суди Олӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.07.2021 №: 135 Мутолиа карданд: 3604