сиёсат
БОЗНАШРИ МАҚОЛАИ САРВАРИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН ДАР РАСОНАҲОИ ҶАҲОНӢ
Мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарварони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар соли 2021 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» дар як қатор расонаҳои бонуфузи ҷаҳон бо забонҳои гуногун нашр гардид.
Аз ҷумла, дар сомонаҳои расмии кумитаҳои иҷроияи ИДМ ва СҲШ, Агентии миллии иттилоотии «УзА» (Ӯзбекистон) , «Большая Азия» (сомонаи Ассамблеяи халқҳои АвруОсиё), «Ритм Евразии» (майдони коршиносӣ - иттилоотӣ барои муоширати касбии сиёсатмадорон, ходимони ҷамъиятӣ, коршиносон ва журналистони давлатҳои пасошӯравӣ), рӯзномаи англисизабони «Iran news», рӯзномаи «Осиё» (Эрон), рӯзномаи «Ар-Риёз» (Арабистони Саудӣ), маҷаллаи «Gulf News» (Амороти Муттаҳидаи Араб), дар пойгоҳи хабарии «Trend.az» ва маҷаллаи «Azernews.az» (Озарбойҷон) ба таври густурда инъикос гардиданд.
Нусхаи англисии мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар платформаи амрикоии Public. (http://www.publicnow.com) низ сабт аст.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.07.2021 №: 137 Мутолиа карданд: 992