сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ
10 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ ҳисоботи раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод Муқимӣ Раҳимҷон ва Фақерзода Қадриддинро вобаста ба оқибатҳои заминларза шуниданд.
Тавре маълум гардид, дар ин заминларза манзилҳои истиқоматӣ хароб шуда, боиси талафоти ҷонии 4 нафар, аз ҷумла 2 кӯдак, гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод супориш доданд, ки ҳарчи зудтар барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва расондани кумак ба оилаҳои зарардида чораҷӯӣ намоянд.
Комиссияи ҳукуматӣ ба таври фаврӣ дар маҳалли ҳодиса корҳои бартарафсозиро оғоз кард.
Тибқи иттиллои Маркази зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, зилзила соати 7-у 14 дақиқаи вақти маҳаллӣ, 20 километр дар наздикии маркази ноҳияи Рашт дар чуқурии 10 километр ба вуқӯъ пайваста, қувваи он ба 5,9 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер баробар буд.
Ҷунбиши замин дар кишварҳои ҳамсоя низ эҳсос гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.07.2021 №: 138 Мутолиа карданд: 1029