logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Имсол мардуми шарафманди тоҷик дар фазои сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.
Ба ин муносибат имрӯзҳо коршиносон ва муҳаққиқони ватанӣ дар бораи пешравию дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тӯли ин давра дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таҳлилҳои амиқ ва ҳамаҷониба гузаронда истодаанд. Вобаста ба ин, мо мехоҳем дар бораи яке аз самтҳои муваффақ ва пурмаҳсули фаъолияти Роҳбари давлат «Нақши Пешвои миллат дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» таҳлилу андешаҳои хешро иброз намоем. 
Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон давлат ва Ҳукумати  Тоҷикистон қадамҳои аввалинро ҷиҳати пойдор намудани мустақилияти кишвар дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ гузошта, устуворона ва тадриҷан пеш мерафт. Аммо дар ин давраи хеле ҳассос ва тақдирсоз дар ҷомеаи мо қувваҳои сиёсие пайдо шуданд ва мақсад гузоштанд, ки бевосита ба ин раванд халал расонанд ва вобаста ба манфиатҳои гурӯҳӣ, минтақавӣ ва ҳизбӣ тақдири халқи тоҷикро ба дасти худ гиранд.
Аввалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра шароити мусоид барои таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияву ҳаракатҳои гуногун ба вуҷуд омад. Аммо, бар хилофи интизор, аксари ин ҳизбҳо ва ҳаракатҳо роҳи пешгирифтаи сиёсии худро на ба роҳи созандагӣ, рушди кишвар ва манфиатҳои миллӣ, балки ба ҳар васила ба даст овардани қудрати сиёсӣ медиданд. 
Иловатан, дар ҷомеа доираҳои муайяни манфиатҷӯ пайдо шуданд, ки фаъолияти сиёсикунонии динро ба роҳ монда, ба ин васила дини мубини исломро ба сифати силоҳи идеологӣ барои ба даст даровардани ҳокимияти давлатӣ ҳамаҷониба мавриди истифода қарор доданд ва кишварро ба буҳрони шадиди сиёсӣ гирифтор карданд. Дар натиҷа, кишвар ба буҳрони амиқи иқтисодӣ низ дучор гардида, мамлакатро бесарусомонӣ фаро гирифт, бенизомӣ ва беқонунӣ ҳукмрон гардид, сохторҳои давлатӣ ва қудратӣ фалаҷ шуданд.
Бо вуҷуди таъсиси Ҳукумати муросои миллӣ, мухолифон ҳаракати тундравонаи худро идома дода, барои ғасби пурраи ҳокимият амалҳои зиддиконститутсиониро анҷом дода, муддати кӯтоҳе қудрати сиёсиро ба даст дароварданд. Амалҳои онҳо тадриҷан норозигии мардумро ба вуҷуд оварда, ба ҳаракати умумихалқӣ табдил гардиданд, агарчи аксарияти аҳолии минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ онро дастгирӣ намекарданд. Ҳамаи қувваҳои солим барои истиқрори қонуният ва ҳимояи сохти конститутсионӣ бархостанд. 
Барои гирифтани пеши роҳи ин фоҷиаи марговар дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он наҷотбахши соҳибдавлатии Тоҷикистон шуда, Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистонро барқарор ва фарзанди фарзонаи халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд. Дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар давраи нави рушд ва инкишоф оғоз гардид. Вале мухолифон аз мамлакат берун рафта, дар кишварҳои хориҷӣ ҷой гирифтанд ва худро мухолифи сиёсати пешгирифтаи давлати навбунёд эълон намуда, ба муқобили Ҳукумати қонунии кишвар барои расидан ба аҳдофи ғаразноки хеш ҷанги шаҳрвандиро оғоз карданд. Доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилӣ гардонданд. 
Ба ғайр аз ин, дар дохили кишвар вазъи ногувори сиёсӣ ҳукмфармо буда, он ба тамоми соҳаи ҳаёти ҷомеа таъсири манфии худро баръало мерасонд. Неруҳои гуногуни сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбу ҳаракатҳои иҷтимоӣ дар ҳолати парокандагӣ ва нигаронӣ қарор доштанд. Қувваҳои гуногуни сиёсӣ мехостанд ин вазъиятро ба манфиати худ истифода баранд. Ҳатто сиёсатмадорони баъзе аз кишварҳо намехостанд, ки дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ барқарор шавад.
Дар он шабу рӯзҳо ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ ва тамомияти арзии кишвар хатари нестӣ ва ба миллати тоҷик хатари парокандагӣ таҳдид мекард. Вазъият ба муттаҳид кардани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ – аҳзоби сиёсӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ақаллиятҳои миллӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятии дар Тоҷикистон амалкунанда эҳтиёҷ дошт.
Аз рӯзҳои аввали фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мусолиҳатомези қазияи Тоҷикистон равона шуда буд. Пешвои миллат ба таври хастанопазир ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар барои тасвири воқеияти фалокатбори мамлакат кӯшиш менамуданд, диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба рӯйдодҳои Тоҷикистон ҷалб мекарданд. Аз тамоми имкониятҳо ва роҳу воситаҳо истифода менамуданд, то пеши роҳи ин ҷанги бемаънӣ ва парокандагии кишварро бигиранд. 
 
Бо ин манзур, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Мо бемаъно будан ва оқибатҳои ҳалокатовар доштани авҷгирии ҷанги бародаркушро барои миллати тоҷик ва ояндаи он, инчунин, давлати тоҷикон дарк намуда, баъди барқарор сохтани ҳокимияти конститутсионӣ сиёсати қатъии истиқрори сулҳ ва созгории миллиро танҳо бо роҳи осоишта, яъне бо роҳи гуфтушунид ва музокира, пеш гирифтем».
Ба ҳамин хотир аст, ки Роҳбари давлат барои ҳарчи зудтар расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бо роҳбарияти мухолифин музокиротро оғоз намуданд, вале ин раванд бо мушкилиҳо пеш мерафт. Дар чунин вазъияти душвор барои Тоҷикистон ҳолате ба вуҷуд омода буд – худи вазъияти объективӣ тақозо мекард, ки барои пешрафти раванди музокирот миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти мухолифон қувваи иловагии такондиҳанда зарур аст. Барои ба ин мақсад расидан Роҳбари давлат эълон карданд, ки омодаанд бо ҷомеаи шаҳрвандии кишвар муколамаро оғоз намоянд ва изҳор доштанд, ки ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар чунин давраи тақдирсоз дар раванди барқарории сулҳу субот бояд саҳмгузор бошанд.
Сипас, дар рафти вохӯрӣ бо намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ Президенти мамлакат изҳор намуданд, ки кишвар ба як созмони муттаҳидкунандаи ҷомеаи Тоҷикистон эҳтиёҷ дорад ва ба он ҳамаи қувваҳои сиёсии ҷомеа, ҳизбу ҳаракатҳо, олимон, шоирону нависандагон, шахсони соҳибэҳтиром шомил бошанд, то онҳо бо нуфузи худ барои истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, таъмини амнияти кишвар, баргардондани гурезаҳо мусоидат кунанд ва таъмингари сулҳу ризоияти миллӣ шуда тавонанд.
Ин иқдоми Пешвои миллатро ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо камоли майл ва рӯҳбаландӣ дастгирӣ карданд. Дар натиҷа, 11 марти соли 1996 «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон» ба имзо расид. Аҳдномаро аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи дигар роҳбарони зиёда аз 30 ташкилоти ҷамъиятӣ – ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии кишвар имзо карданд. 
Ин иқдоми бузург ва дурандешонаи Президенти кишвар барои ба раванди музокирот миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифони тоҷик ҷалб кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ такони бузурге бахшид. Барои амалӣ намудани ҳадафҳои Аҳднома Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис ва Низомномаи он қабул гардид, ки вазифаи асосиаш  ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар ва ҳамчун ниҳоди тавсеабахши муколамаи байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти пойдору бардавом намудани сулҳу субот, ризояти ҷомеа ва дигар масоили муҳими иҷтимоӣ фаъолият бурдан буд. 
Дар ҷаласаи нахустини Шӯрои ҷамъиятӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона ба ҳайси Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Интихоби Пешвои миллат ба ҳайси Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, иштироку суханрониҳояшон дар ҷаласаҳои шӯро шаҳодати эътирофи нақши муҳим ва мақоми баланди он дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа мебошад. Дар даврони фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ аввалин маротиба соли 2009 ва сипас, соли 2018 вобаста ба тағйиротҳое, ки дар раванди сиёсӣ - иҷтимоии кишвар рух доданд, инчунин, бо омӯзиши ҳамаҷонибаи таҷрибаи фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ дар кишварҳои хориҷӣ ба Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. 
Бо мақсади демократикунонии ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ризоят дар ҷомеа, татбиқи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, таъмини гуногунандешии сиёсӣ ва идеологӣ, иштироки озоди ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, табақаҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар интихоботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармон «Дар бораи такмили ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» (1 декабри соли 1999, № 2) -ро имзо карданд, ки тибқи он дар вилоят ва 64 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шӯроҳои ҷамъиятии ибтидоӣ таъсис ёфтанд. 
Дар давраҳои минбаъда, вазифаи асосии Шӯрои ҷамъиятӣ ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди демократия, ҳамчун шарики боэътимоди давлат саҳм гузоштан дар татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Ватан ба кишвари транзитӣ, инчунин, саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар иборат мебошад.
Дар таърихи илми сиёсатшиносӣ ва давлатдорӣ дар масъалаи муносибати давлат нисбат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ Пешвои миллат формулаи нави ҳамкорӣ – Шӯрои ҷамъиятӣ созмон доданд ва он шакли ҳамкории сиёсӣ-иҷтимоӣ миёни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, вазифаи асосиаш ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, мусоидат ба таҳкими истиқлолият, рушди давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. 
Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон то кунун ягона ташкилоте дар ҷаҳон аст, ки дар он иштирокдорон – аз як тараф роҳбарияти олии давлатӣ ва аз тарафи дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муҳокима ва қабули қарорҳо ба таври демократӣ ва баробарҳуқуқ ширкат мекунанд. Маҳз бо ин сифатҳо Шӯрои ҷамъиятӣ ташкилоти нодирест, ки дар дигар кишварҳо бо чунин шаклу хусусиятҳо вуҷуд надорад ва аз нуқтаи назари илми сиёсатшиносӣ онро ҳамчун “Модели тоҷикии ҷомеаи шаҳрвандӣ” метавон ном бурд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳ бевосита ва хоҳ бавосита ҳамеша дар ҷараёни баҳсу мунозираҳо, масъалагузориҳо ва дархостҳои аъзои шӯро мебошанд. Бинобар ин, аксари идеяҳои созанда, ки дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳод мегарданд, дар вақти тартиб додани барномаю консепсияҳои давлатӣ, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта мешаванд.
Таърих кам шахсиятҳоеро дар ёд дорад, ки ҳамчун Пешвои муаззами миллати мо дар роҳи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ хизматҳои шоиста намуда бошад. Бинобар ин, вақте ки сухан дар бораи таърихи пайдоиши ин ниҳод меравад, бамаврид аст, хоссатан тазаккур дода шавад, ки Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули тафаккуру ташаббуси Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Дар замони ҷаҳонишавию бархӯрди тамаддунҳои дунё ва торафт мураккаб гардидани равандҳои сиёсию иҷтимоӣ дар ҷомеа зарурати бештари фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳсос мешавад. То кунун Шӯрои ҷамъиятӣ чун ниҳоди муттаҳидкунандаи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он шинохта шудааст ва мувофиқи мақсад мебошад, ки дар оянда низ ин рисолати хешро бо дарёфти шаклҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолияташро ҳамаҷониба идома диҳад.
 
Н. САИДОВ, 
котиби ҳамоҳангсози 
Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2021    №: 138    Мутолиа карданд: 1314
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед