сиёсат
ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ
12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ба вазифаҳои масъул таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори марказии Вазорати корҳои дохилӣ, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар як қатор шаҳру навоҳии мамлакат ва роҳбарони намояндагиҳои вазорати мазкур дар назди баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ тағйироти кадрӣ намуданд. Зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои ба вазифаҳои масъулиятнок таъйингардида дастур доданд, ки дар ҷаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда ва оинномаҳои хизматӣ фаъолият намуда, бар зидди ҳамагуна ҷиноят ва қонуншиканӣ мубориза баранд.
Бо назардошти авзои печидаву мураккаб ва пешгӯинашавандаи минтақа, таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккил дар таъмини амнияту суботи кишвар бо масъулияти баланд муносибат намоянд.
Дар замони ҷаҳонишавӣ донистани забони хориҷӣ ва истифодаи технологияи муосир муваффақияти ҳар як роҳбар ба ҳисоб рафта, дар пешгирӣ ва мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва маблағгузории гурӯҳҳои ҷинояткори экстремистӣ нақши муассир доранд», - таъкид намуданд Пешвои миллат.
Дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз содиршавии ҳамагуна ҷиноят ва боло гузоштани манфиатҳои давлату миллат аз дигар манфиатҳо аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буданд.
«Ҳар кадоми Шумо – кадрҳои ҷавону ояндадор таҷрибаи корӣ доред ва ҳамчун мутахассисони касбӣ шинохта шудаед. Бо мардум робитаи наздик дошта бошед, то дар ҷомеа соҳиби эҳтирому обрӯ гардед», - таъкид намуданд Сарвари давлат дар фарҷоми мулоқот.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.07.2021 №: 139 Мутолиа карданд: 1031