туризм
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. ОН ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ
Сайёҳии табобатӣ солҳои охир байни ҷаҳонгардон маъруфияти бештар дорад. Ба ин аз як тараф беҳ гаштани шароити мардуми сайёра ва аз ҷониби дигар пеш рафтани илму техника ва хизматрасониҳои муосири тиббӣ боис гардидааст. Дар Тоҷикистон низ ин навъи сайёҳӣ рӯ ба рушд буда, осоишгоҳҳои “Зумрад”, “Хоҷа Оби Гарм”, “Гармчашма”, “Оби гарм” ҳанӯз аз замони шӯравӣ байни сокинон ва кишварҳои ИДМ машҳуранд...
НАВИГАРӢ НЕСТ
Вале танҳо бо дороиҳои табииву мавҷудияти осоишгоҳу дармонгоҳҳо дар ин самт наметавон муваффақ шуд.
Бахтиёр Исамутдинов, директори созмони ҷамъиятии “Маркази рушди сайёҳӣ”, дар ин хусус иброз дошт, ки Тоҷикистон дорои иқтидори кофӣ мебошад, ки махсусан ба табобат равона шудааст. Инҳо гармчашмаҳо ва гилдармонии даврони шӯравӣ мебошанд. Навигарӣ қариб, ки нест. Муттасадиёни осоишгоҳҳо маълумотро дар шакли хеле маҳдуд пешниҳод менамоянд ва гурӯҳи муайяни одамоне, ки меоянд, барояшон кифоя аст. Вале, барои ҷалби одамон ба ин дороиҳо сайъи бештар лозим аст. Мутаассифона, дар бисёр ҳолат таҷриба камӣ мекунад ё умуман хоҳиш нест.
Ба андешаи коршиносон мушкили асосии рушд наёфтани сайёҳии тиббӣ дар Тоҷикистон ин ба таври зарурӣ роҳандозӣ нагардидани соҳа, норасоии маблағгузорӣ ба рушди инфрасохтор, кам будани таҷриба ва нокифоягии ташвиқу тарғиби дороиҳои мамлакат мебошанд.
СИСТЕМАИ САБТИ ЭЛЕКТРОНӢ БА РОҲ МОНДА ШАВАД
Тибқи маълумоти Кумитаи рушди сайёҳӣ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 46 осоишгоҳ, 8 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ фаъолият мебаранд. Дар ҳамин ҳол, мутахассисон ва мизоҷон аз роҳандозии нодурусти хизматрасонӣ дар аксар осоишгоҳҳо изҳори нигаронӣ менамоянд.
Ба гуфтаи Моҳира Қодирова, дотсенти кафедраи бизнеси сайёҳӣ, рекреатсия ва меҳмондории Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, ҳатто дар осоишгоҳҳои номдори мамлакат вақти қабули мизоҷон аз ҷониби ҳайати кормандон ба нақша гирифта намешавад. “Ба хотири рафъи ин камбудӣ чандин маротиба ба роҳбарияти осоишгоҳҳо пешниҳод доштам, ки системаи электронии қабули мизоҷон ба роҳ монда шавад. Пешниҳодро хуш пазируфтанд, вале бо сабабҳои гуногун ин система ҳоло дар осоишгоҳҳои мо ҷорӣ нест”.
Тавре М. Қодирова иброз медорад, набудани системаи электронии сабти номи мизоҷон боиси талафи вақти зиёд ва ҷамъшавии мардуми паси дарҳои ин ё он амалиёти тиббӣ мегардад. Дар баробари ин, бинобар интизории зиёд мизоҷ аз тамошои зебоиҳои табиат ва истироҳати бофароғат маҳрум шуда, таъбаш тира мегардад. Агар системаи сабти номи мизоҷон дуруст роҳандозӣ гардад, ҳам ба мизоҷон роҳати бештар таъмин мегардад ва ҳам осоишгоҳ маъруфияти бештар касб менамояд.
САЙЁҲИИ ТИББӢ – ОМИЛИ ДАСТГИРИКУНАНДАИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ
- Кишварҳое, ки вориди сайёҳии табобатӣ шудаанд, дорои зарфиятҳои илмии он мебошанд, - мегӯяд Дилбар Умарова, мутахассиси Кумитаи рушди сайёҳӣ. Ин ҷо метавон Эрон, Ҳиндустон, Корея, Чин, Малайзия ва Туркияро ном бурд. Ин кишварҳо ба ғайр аз мутахассис ва таҷҳизоти зарурии тиббӣ як навъи хизматрасонии тиббиро, ки махсуси худи он кишвар аст, роҳандозӣ карда, ҳамчун бренд истифода мебаранд. Масалан, Эрон бо нархҳои дастраси амалҳои ҷарроҳии пластикӣ, Чин бо тибби суннативу сӯзандармонӣ. Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба мавқеи беҳамтои ҷуғрофӣ, обҳои маъданиву гилдармонӣ, гиёҳҳои шифобахш ва аз ҳама муҳим тамаддуни ғании тибби суннатӣ, метавонад ин навъи сайёҳиро дар кишвар рушд диҳад. Танҳо бояд дороиҳоро дуруст ва мақсаднок истифода бурд, хизматрасониҳоро вобаста ба талаботи давр роҳандозӣ намуд ва пайваста аз пайи кӯшишу талоши беҳбудӣ буд.
Тоҷикистон дорои иқтидори кофии сайёҳии табобатӣ буда, он метавонад як омили дастгирикунандаи иқтисодиёти миллӣ гардад. Ба ин хотир, беҳтар гаштани хизматрасонии осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, таъсиси марказҳои махсуси дармонӣ, таблиғоти дохиливу хориҷӣ боиси яке аз марказҳои муҳим ва серистиқболи сайёҳии тиббӣ гардидани Тоҷикистон хоҳад шуд.
Шаҳноз ҚУРБОН,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.07.2021 №: 139 Мутолиа карданд: 7612