logo

туризм

Қазоқистон: нигораҳои осорхона мегирянд

Паррон гуфт, кӣ?
ӯ ҳоло куҷост?
Хунам ба куҷо рехт,
Қабри бенишонам ку?
Чунин сатрҳо сабт шуда дар пештоқи осорхона, ки ба ёди шаҳидони ҷазодиҳии сиёсии сталинӣ дар шаҳри Чимкент, маркази вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ, қад афрохтааст. Аз тамошои нигораҳо дил ба риққат меояд, мегиряд, садои оҳанги мотам муттасил ба гӯш мерасад. Ба ёд замони пурошӯби инқилоб меояд. Ҳуҷҷати бо мурури замон зардгаштае ҳикоят мекунад: «Съезди V Шӯроҳо қарор кард, ки пойтахти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Қазоқистон аз Оренбург ба Перовск кӯчонда, минбаъд миллати қарақирғиз қазоқ номида шавад. Номи Перовск ба Қизилӯрда- шаҳри сурхҳо мубаддал гардад». Дар асарҳои таърихӣ омадааст, ки номи қадимаи Қизилӯрда Оқмачид-масҷиди сафед буда, гумоштагони хони Қӯқанд ҳукмрони он будаанд. Сипас, солҳои ҳаштодуми асри XIX онро генерали рус Перовск забт менамояд.
Вақте ки дар соли 1925 Голошекин лаҷоми роҳбарии Қазоқистонро ба даст мегирад, вай маъракаи «Октябри хурд»-ро амалӣ месозад. Инқилоби кӯчак барои халқи қазоқ бадбахтии азим ва фоҷиаи гӯшношунид меорад. Аз садҳо ҳазор сар аспу шутур, миллионҳо сар гову гӯсфанду буз, галаю подаву рамаи ангуштшумор  мемонад. Дигар ҳама ба тороҷ мераванд. Соҳибони чорво, ашхоси дорову барӯманд чун истисморгари мардуми бенаво ҳабс ва кушта мешаванд. Вале касе намедонад, ки хунашон дар куҷо рехта, ҷасадашон дар кадом мазор хуфта. Баъди ду соли ҳукмронии Голошекин дар кишвар гуруснагӣ ва қаҳтӣ рӯй мезанад ва ҷони 3 миллион нафарро ба коми худ мекашад. Халқ дар маҳали Созақ ба шӯриш мехезад.
Маскав Голошекинро аз мансаб дур месозад, баъд ӯро ҳамчун душмани инқилоб ба марг маҳкум менамоянд. Аммо идеяи «Октябри хурд» ба ғайри зарари зиёди иқтисодию иҷтимоӣ расонидан, боз бештар аз як миллион нафар қазоқро саргаштаи мулуки Чину Афғонистон, Эрон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна кард.
Террори сангини солҳои сиюми асри XX бошад, 25 ҳазор нафар ходими барҷастаи ҳизбию давлатӣ, арбобони шинохтаи илму маданият, адабиёту фарҳанг, олимони ҳамаи соҳаҳо, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, авулу хоҷагиҳоро ба коми аҷал кашид. Танҳо 2500 нафар шахси воқеӣ, ки ному насабаш муайян шудааст, аз вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ дар лагерҳои режими тоталитарӣ азоби ҷаҳаннам кашида ва ба ҳалокат расидаву дар қабристони номаълум ба хоби абад рафтааст.
Албатта, пас аз танқиди шадид ва маҳкум кардани парастиши шахсияти Сталин бисёр «душманони халқ» сафед шуданд, аммо пурра аз номи онҳо бардоштани «доғи сиёҳ» танҳо баъди истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани Қазоқистон муяссар гашт.
14 апрели соли 1993 Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба қонун «Дар бораи сафед кардани шаҳидони ҷазодиҳии (репрессияи) сиёсӣ» имзо гузошт. 1997 бо Фармони президент Н. Назарбоев «Соли ризоияти миллӣ ва ёдбуди шаҳидони ҷазодиҳии сиёсӣ» эълон гашт. 2 ноябри соли 2001 бахшида ба 10-солагии Истиқлолияти давлатии Қазоқистон Осорхонаи шаҳидони ҷазодиҳии сиёсӣ ифтитоҳ ёфт, ки сарварии онро адибаи маъруф, Корманди шоистаи Қазоқистон Хонбибӣ Есенқарақизӣ ба зимма дорад. Ин шоира дар ноҳияи Вахши Тоҷикистон ба воя расидааст. Бародаронаш бо забони тоҷикӣ хуб ҳарф мезананд.
-Ташаббуси наҷибона ва нишонаи эҳтироми давлат ва ҷомеа дар назди хотираи шаҳидони ҷазодиҳии сиёсӣ бунёди ҳамин осорхона аст, ки тавассути он қурбоншудаҳои сиёсати тоталитарии сталинӣ аз нав зинда ва ному насабашон дар мармар ҳаккокӣ гаштанд,- гуфт шоира Хонбибӣ Есенқарақизӣ.
Дизайни дохилӣ, санъати меъмории намуди берунии он бо мавзӯи осорхона сахт тавъаманд: рӯҳи шаҳидон гӯё ҳам дар берун ва ҳам дар дохили бино сайр дораду мегӯяд: «Хотираи моро бо дуое ёд кунед, номи неки моро дар ёд доред».
Меъмор ва ороишгар А.Найманбай, Арбоби шоистаи санъати Қазоқистон, толори нигораҳо ва толори «Таъзим дорем»-ро тавре офаридааст, ки бинанда дарду алами фоҷиаи даҳшатангез, ба азобу машаққат ва таҳқирҳои гӯшношунид мувоҷеҳ гардидани беҳтарин намояндагони  Ҷумҳурии Қазоқистонро эҳсос менамояд.
Муҷассамаи «Репрессия» (ҷазодиҳӣ) ҷузъи калидии осорхона аст. Дар офаридани он муаллифон Эркин Мергенов, Ермек Ержанов, ҳайкалтарошон Нурсултон Жубаниёзов, Абзал Бакбаев, Бақдаулет Еркинбеков ва Газиз Зимуханов хуб заҳмат кашида, моҳияти режими тоталитариро бармало тасвир кардаанд.
Фоҷиаи Қазоқистон дар симои аспи достонзеби шоир, ҳофизи халқӣ Ахансерӣ, ки бо номи Қулагер машҳур буд, таҷассум ёфтааст: асп дар дашти беканори қазоқ ҷавлон мезанад. Ногоҳ аз чаҳор тараф ба сари баландаш каманд мепартоянд. Қулагер боло меҷаҳад ва аз доми макру ҳиял халос мехӯрад. Аммо тири ҷигарсӯз ба ҷисмаш мехалад, пойҳояш аз давидан мемонанд ва асп ба ҷарии бетаге меафтад. Фоҷиаи Қулагерро фоҷиаи Қазоқистони солҳои сиюми асри XX медонанд.

Қурбон МАДАЛИЕВ,
шаҳри Чимкент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 8532
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед