сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ДАБИРИ КУЛЛИ СММ
Шоми 13 июли соли равон суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш доир гардид.
Дар оғози суҳбат Роҳбари давлати мо Антонио Гутерришро ба муносибати аз нав интихоб шуданаш ба мақоми Дабири кулли СММ бори дигар табрик гуфта, таъкид карданд, ки Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳои худ бо ин сохтори фарогири ҳамкориҳои бисёрҷониба аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Дар ин қарина, Пешвои миллат изҳори бовар намуданд, ки Созмони Милали Муттаҳид минбаъд низ ҷиҳати татбиқи пайгиронаи Рӯзномаи 2030, Ҳадафҳои Рушди Устувори он ва дигар қарорҳои Маҷмаи умумии СММ, ҳамчунин, вокуниши муносиб ва муқовимати самаранок ба таҳдиду хатарҳои муосир талошҳои муассир ба харҷ хоҳад дод.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми арзандаи кишвари мо дар татбиқи масъалаҳои мубрами глобалӣ, аз ҷумла дар соҳаи об, ёдовар шуда, ба иқдомҳои охири Тоҷикистон ҷиҳати эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян намудани санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, инчунин, таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ишора намуданд.
Дабири кулли СММ зимни суханронии худ нақши пешвоӣ ва калидии Тоҷикистон ва Сарвари онро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус мушкилоти вобаста ба об ва масъалаҳои умдаи амниятӣ, таъкид сохта, дастгирии амиқи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоду сохторҳои тахассусии онро аз иқдомҳои мо дар ин ҷода иброз дошт.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ба вазъи имрӯзаи сиёсиву низомии Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, нигаронии худро аз шиддат гирифтани даргириҳо дар ин кишвари ба мо ҳамсоя баён карданд. Зимнан, муҳимияти мусоидати ҳамаҷониба ба оғози амалии раванди музокироти байниафғонӣ ишора шуд. Дар ин робита, аҳамияти идомаи ҳамоҳангиҳои зичи ҷонибҳои манфиатдор дар ин самт таъкид гардид.
Ҳангоми суҳбат ҷонибҳо, инчунин, атрофи дигар масъалаҳои умдаи рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.
Дар охир президенти мо аз Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои СҲШ, ки моҳи сентябри соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал оварданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.07.2021 №: 140 Мутолиа карданд: 880