мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ЧИН
13 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин дар чаҳорчӯби муносиботи шарикии стратегӣ ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ва Чин шарикони стратегӣ ва ҳамсоягони наздик мебошанд ва мо манфиатдорем, ки муносибатҳои наздики боэътимоди байни кишварҳоямон дар ҳамаи шаклҳо минбаъд амиқтар шаванд.
Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ изҳори қаноатмандӣ карда, роҳҳои рушду густариши робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ, ба роҳ мондани содироти молҳои Тоҷикистон, бахусус маҳсулоти кишоварзӣ, ба бозорҳои Чинро матраҳ намуданд.
Ба ҷониби Чин барои дар давраи пандемияи коронавирус ҷудо кардани 300 ҳазор воя ваксина ба хотири пешгирӣ ва аз байн бурдани ин бемории сироятӣ изҳори сипос шуд.
Ҳангоми баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, инчунин, дигар ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҷонибҳо ба масъалаи муборизаи дастаҷамъонаи кишварҳо бар зидди терроризм ва экстремизм, сепаратизм, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Зимни баррасии масъалаҳои умдаи минтақавӣ ҷонибҳо ба вазъи имрӯзаи сиёсиву низомии Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.07.2021 №: 140 Мутолиа карданд: 4852