ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
ҚАЛЛОБӢ
Милитсия аз «порахӯр» пора гирифт
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Зафар Икромов, корманди мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ айбдор мешавад, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол шудааст. Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, З. Икромов, ваколатдори калони гурӯҳи махсуси қисми минтақавии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, директори литсейи касбӣ - техникии ноҳияи Восеъ Қ. Шариповро дар гирифтани пора гумонбар дониста, аз ӯ 56 000 сомонӣ талаб намудааст. Номбурда аз моҳи декабри соли 2019 то июли соли 2020 дар чанд ҳолат аз директори литсей дар маҷмӯъ аз маблағи талабнамудааш 51 000 сомониро гирифта, тасарруф кардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба З. Икромов бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ҳоло барои баррасӣ дар дасти суд қарор дорад.
АВБОШӢ
Кордбадасти маст дастгир шуд
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки аз ӯ ҷавони 20-сола ном бурда мешавад, ба гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ (моддаи 237, қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ) дастгир карданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти вазорат, боздоштшуда 5 июли соли ҷорӣ дар назди самбӯсахонаи «Чорчароғ», воқеъ дар кӯчаи Себзори шаҳри Хуҷанд, даст ба чунин кирдори ношоиста задааст. Гумонбар дар ҳолати мастӣ ба марди 36-сола, сокини ҳамин ноҳия, дарафтода бо корд ӯро захмӣ намудааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, феълан ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.
ДУЗДӢ
Сокини ноҳияи Файзобод бо ин ҷурм ба даст афтод
Дар пайи муроҷиати як сокини ноҳияи Файзобод ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия кормандони милитсия мардеро боздошт намуданд, ки ба дуздии 1 адад муҳаррик ва 150 - метр қубури обгузар гумонбар мешавад.
Тавре сомонаи ВКД хабар дод, боздоштшуда (марди 31-сола) сокини Ҷамоати деҳоти Қалъаи дашти ноҳия буда, муҳаррик ва қубурҳоро бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонӣ дуздидааст. Гуфта мешавад, ки зарари расондашуда дар пайи ин амал 11 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.07.2021 №: 140 Мутолиа карданд: 8314