иқтисод
СУҒД. БАРДОШТ АЗ НИМСОЛАИ АВВАЛ
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рушди иқтисодиву иҷтимоии хоҷагии халқи вилоят дар нимсолаи аввали соли равон мавриди баррасиву таҳлил қарор гирифт.
Нахуст, муовини аввали раиси вилоят Хол Ҳайдар оид ба ин масъала гузориш дода, иброз дошт, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 8 миллиарду 976 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид. Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ равона гашт. Масалан, моҳҳои январ – июни соли 2021 664,5 ҳазор тонна семент, 722,5 ҳазор тонна ангишт, 253,1 ҳазор тонна орд ва 1 ҳазору 955,3 тонна равғани рустанӣ истеҳсол шуд.
Баъдан, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сухан ронда, аз он изҳори нигаронӣ дошт, ки шаҳру навоҳии Панҷакент, Исфара, Конибодом, Ашт, Деваштич ва Шаҳристон дар ин давра на танҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро таъмин карда натавонистанд, балки мутобиқ ба талаботи рӯз коргоҳҳои хурду миёна бунёд накардаанд. Ҳамчунин, тайи ин нимсола дар ҳудуди вилоят 121 корхонаи саноатӣ бинобар нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ, фарсуда шудани таҷҳизот, маҳдуд шудани бозорҳои анъанавии фурӯши маҳсулот ва ба рақобат тобовар набудан аз фаъолият бозмонда, даҳҳо нафар бе ҷои кор ва сарчашмаи зиндагӣ монданд.
Раиси вилоят аз комёбиҳо низ ёдовар шуда, гуфт, ки ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ дар назар аст ва тибқи нақша имсол 120-тои онҳо бо 3027 ҷои нави кор ба истифода дода мешавад. Тӯли шаш моҳи соли равон бошад, 61 корхонаву коргоҳҳои нав бо 475 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.
Тавре зикр гашт, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба натиҷаҳои истеҳсолӣ дар семоҳаи аввали соли равон дар шаҳри Гулистон ба масъулони соҳаи саноати сабук супориш доданд, ки хонандагонро бо либосу пойафзоли мактабии истеҳсоли ватанӣ таъмин намоянд. Хурсандиовар аст, ки тадбирҳои дар ин ҷода андешидашуда самар оварданд. Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар коргоҳҳои дӯзандагии вилоят 284 ҳазору 262 либоси мактабӣ дӯхта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 4,3 баробар зиёд аст. Ҳамчунин, бо саъю кӯшиши соҳибкорони маҳаллӣ 8 корхонаю коргоҳи пойафзолдӯзӣ ба фаъолият пардохта, моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ 153,8 ҳазор ҷуфт пойпӯш истеҳсол гашт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 баробар беш мебошад.
Чуноне зикр рафт, то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёд ва навсозии 7579 иншоот пешбинӣ гардидааст. Тайи солҳои 2018 – 2020 ва шаш моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмону барқароркунӣ ва таъмиру тармими 7192 иншоот ба итмом расид, ки 94,9 дарсади нақшаро дар бар мегирад.
Тавре маълум аст, дар низоми иқтисоди бозорӣ ҳамон ноҳия, шаҳр ё вилояте муваффақ мегардад, ки маҳсулоташро ба хориҷи кишвар бештар содирот мекунад. Ин аз ҳадафҳои асосӣ ва афзалиятдошта дар фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ мешавад. Бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ дар заминаи технологияи навину нанотехнологӣ дар вилояти Суғд низ солҳои охир шароит фароҳам меоваранд, ки марҳила ба марҳила дар ин самт муваффақ шаванд. Бояд гуфт, ки дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят ба 1 миллиарду 25,5 миллион доллари ИМА расид. Содироти маҳсулот дар ин давра 275,9 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 103,2 миллион доллар зиёд мебошад.
Яке аз омилҳои рушди иқтисодиёт ҷалби сармоягузориҳои мустақими ватаниву хориҷӣ мебошад. Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ моҳҳои январ-марти соли 2021 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 79,5 миллион доллари ИМА сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ бештар аст.
Дар охир Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати тавсеаи корҳои созандагиву ободкорӣ бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, иҷрои саривақтии нақшаи андоз, ислоҳи камбудиву норасоиҳо дар соҳоти гуногуни хоҷагии халқ ба раисони шаҳру навоҳии вилоят дастурҳои мушаххас дод.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.07.2021 №: 141 Мутолиа карданд: 1832