сиёсат
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. МУШКИЛОТИ АСР ВА ТАҲДИДҲОИ НАВ БА ТАМАДДУНИ БАШАРӢ
Терроризм ва экстремизм, ки имрӯз ба хатари ҷиддӣ табдил ёфтааст, ҷомеаи ҷаҳониро бештар аз ҳар вақти дигар ба ташвиш овардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд сол пеш бо эҳсоси ин хатар ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дода буданд, ки ба он бетафовут набошанд ва дар ин самт тадбирҳои заруриву муассир андешанд.
Бо истифодаи имкониятҳои техникаву технологияи муосир, бахусус интернет, ҷавонони бисёр кишварҳо аз ноогоҳӣ ва надоштани дониши кофии сиёсӣ ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ҷалб мегарданд. Яъне, терроризму экстремизм роҳҳову усулҳои зиёди густаришро, ҳатто, қариб дар ҳар хонадон пайдо кард. Ваъдаҳои дурӯғин ва пешниҳоди маблағҳои зиёд зеҳни ҷавононро заҳролуд сохт. Ба ҷуз ин, онҳоро тавонистанд бовар кунонанд, ки тамоми фаъолияту амалиёташон барои иҷрои мақсаду ҳадафҳои бузург ва барқарории адолату ҳақиқат мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар Паёми соли 2015 аз мунтазам афзудани мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Чунин як таъкид дар сурате буд, ки ин зуҳуроти фалокатборро ба дин, хоса ба дини мубини ислом вобаста медонистанд ва ба ин васила, мақсадҳои нопоки худро амалӣ менамуданд. Бо пуштибонӣ аз дини мубини ислом, ки он воқеан, зидди ин гуна зуҳурот мебошад, Сарвари давлат баён карданд: «Ман ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид, борҳо иброз дошта будам ва имрӯз бори дигар изҳор менамоям, ки номи поки исломро ба зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст».
Ҳанӯз ҳам вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ, хеле муташанниҷ буда, чунин ҳолат метавонад ба тамоми кишварҳои олам таъсири манфӣ расонад. Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ манфиатдор дониста мешаванд.
Чунончи, душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишари моро халалдор намоянд, тариқи телевизионҳои моҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва рушди бемайлон равона шудааст, муғризона интиқод мекунанд. Ин хоинони беҳувият мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои тахрибкор, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои “исломӣ”, инчунин, баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд.
Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба насли наврасу ҷавон тарзи ҳаёти солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вақти холӣ фурсат наёбанд.
Бештар ба забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд.
А. ОДИНАЕВ,
номзади илмҳои фалсафа,
Ғ. БОБОКАЛОНОВ,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.07.2021 №: 143 Мутолиа карданд: 913