logo

иқтисод

ВАНҶ: ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ШУКУФОНТАР ХОҲАД ШУД

БАРНОМАҲОИ СОЗАНДАГӢ
Барои таъмини рушди соҳаҳои калидӣ дар барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ барои солҳои 2021-2025, 116 лоиҳа бо маблағи 166,085 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки аз ин 42 лоиҳа бо маблағи 58,857 миллион сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 39 лоиҳа бо маблағи 53,470 миллион сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 27 лоиҳа бо маблағи 51,458 миллион сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 8 лоиҳа бо маблағи 3 миллиону 320 000 сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ равона гаштаанд. 
Тибқи иттилои Ҷаббори Қосим, раиси ноҳияи Ванҷ истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ  дар  сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сол ба сол беҳтар мегардад. 
Мақомот ба иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷет таваҷҷуҳи  хосса зоҳир намуда, корҳои  назаррасро ба сомон расондааст. Қисми даромади буҷет дар шаш моҳи соли равон 15 миллиону 754 ҳазор сомониро ташкил дод, иҷрои қисми даромади буҷет ба андозаи 15 миллиону 778 ҳазору 831 сомонӣ ё 100,2 фоиз иҷро гардид. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар  ин давра ба маблағи 15 миллиону 643 ҳазору 950 сомонӣ  иҷро шуд.
Бояд зикр намуд, ки иҷрои нақшаи буҷети маҳаллӣ дар ин давра ба андозаи 106,6 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 3 миллиону 521 ҳазор сомонӣ ба буҷет 3 миллиону 754 ҳазору 977 сомонӣ  ворид гашт. Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 102,8 фоиз таъмин  гардид. 
 
СОҲИБКОРӢ ВА НАҚШИ ОН  ДАР РУШДИ ДЕҲОТ
Яке аз самтҳои асосии рушди ноҳия фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Дар ноҳия 187 соҳибкори инфиродӣ  бо патент фаъолият дорад, аз ҳисоби онҳо ба буҷети маҳаллӣ 69298  сомонӣ, ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ 28241 сомонӣ, ҷамъ 97539 сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9200 сомонӣ зиёд мебошад, ки  ба ҳисоби миёна ба як соҳибкор моҳе 86,9 сомонӣ  рост меояд. 
Аз 42 соҳибкори инфиродие, ки бо шаҳодатнома кор мекунад, ба буҷети маҳаллӣ 37896 сомонӣ, ба фонди нафақа 36773 сомонӣ, ҷамъ 74669 сомонӣ ворид гардиданд, ки ба ҳисоби миёна саҳми ҳар соҳибкор моҳе 289,3 сомонӣ мебошад. Инчунин, дар нимсолаи якуми соли 2021 барои сохтмони 11 иншоот аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 38 миллиону 915 ҳазору 540 сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Бонкҳои ноҳия ба соҳибкорон 452 ҳазор сомонӣ қарз доданд, ки нисбат ба соли гузашта 109  ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳияи Ванҷ ҷиҳати  ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо андешида, таҳияи лоиҳаҳои истеҳсолиро идома мебахшанд. Дар ин давра 9 лоиҳаро тарҳрезӣ намуданд, ки аз ин 1 лоиҳа оид ба ташкили  корхонаи коркарди мева, гармхона барои парвариши сабзавот, 4 лоиҳа оид ба бунёди боғ, 1 лоиҳа  ба Барномаи ҳамоҳангсозии “Лоиҳаи рушди иқтисодиёти деҳот” дар ВМКБ, 2 лоиҳа ба кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои ташкили корхонаҳои коркарди мева ва мебелсозианд.  
 
БОЯД НЕРУГОҲҲОИ ХУРДИ БАРҚӢ  БУНЁД ШАВАНД
Иттиҳодияи минтақавии энергетикии ноҳия дар  шаш моҳи  соли 2020 - ум 5 миллиону 566 ҳазор  кВт - соат ба маблағи 1 миллиону 191 ҳазору 400 сомонӣ қувваи барқ истеҳсол карда буд, ин  нишондод дар шашмоҳаи   соли  ҷорӣ  ба 5 миллиону 742000 кВт - соат  расид ва 1 миллиону 432  ҳазору 400 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 241400 сомонӣ  зиёд мебошад. Неругоҳҳо ба шабакаи  маркази ҷумҳуриявӣ пайваст мебошанд. Қарзи  умумӣ аз қувваи барқ 628367 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 103 440 сомонӣ зиёд аст. Аз ин 294 ҳазору 004 сомонӣ аз аҳолӣ, 132 ҳазору 538 сомонӣ аз корхонаҳои тиҷоратӣ ва 201 ҳазору 825 сомонӣ  аз буҷети маҳаллӣ ва давлатӣ мебошанд. Талафоти барқ дар ноҳия 9,5 фоизро ташкил медиҳад.
Соли ҷорӣ насб ва васл намудани ҳисобкунакҳои барқии замонавӣ идома дошт, 3903 адад ҳисобкунаки электронӣ васл карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 81 дона зиёд мебошад.
Ба ҳолати имрӯза иқтидори умумии муқарраршудаи шабакаи электроэнергетикии ноҳия ба 2,6 МВт баробар буда, неруи барқ тавассути НБО “Ванҷ-1” (1000 кВт), НБО “Ориён” (800 кВт), НБО “Техарв” (400 кВт), НБО “Андарбак” (400 кВт), НБО “Поймазор” (100 кВт) истеҳсол карда мешавад. Барои пурра таъмин намудани аҳолии ноҳия ва корхонаҳои саноатӣ  бо қувваи барқ иқтидори 5,6 МВт-соат энергия лозим аст.
 
СОҲАИ АФЗАЛИЯТНОК 
Кишоварзӣ соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, истифодаи оқилонаю  самаранок ва ҳифзи замин вазифаи ҳар як саҳмдор буда, иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии давлат - амнияти озуқаворӣ ба он зич алоқаманд мебошад.      
Тибқи дурнамо кишоварзон соли 2021 дар  1493 гектар зироат кишт карданд.   
Соли равон дар хоҷагиҳои ноҳия 14,29 га боғи нав бунёд гардид, 9 га боғи куҳна барқарор шуд. Майдони ниҳолхонаҳо 1,5 гектарро ташкил медиҳад.
Баҳори соли 2021 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 тонна  картошкаи тухмии элитаи навъи «Манифест» аз Ҷумҳурии Беларус  ба ноҳия  дастрас гардида, дар панҷ иттиҳодияи хоҷагии деҳқонӣ кишт карда шуд, ҳоло нашъунамояш хуб мебошад. Парвариш, обмонӣ, нигоҳубин, ғизодиҳии ҳамаи намудҳои зироати кишоварзӣ мувофиқи талаботи агротехникӣ ба роҳ монда шудааст.        
Дар ноҳия ду сардхонаи замонавӣ бо ғунҷоиши 60 тонна маҳсулоти кишоварзӣ асту имсол соҳибкор С. Ниҳмонов ният дорад сардхонаеро бо ғунҷоиши 100 тонна меваю сабзавот сохта ба истифода диҳад. 
Баҳорон дар маъракаи  ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ 62 500 бех ниҳол, аз ҷумла 12500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, 49500 - то дарахти сояафкан ва 500 адад буттаи ороишӣ шинонда шуданд, ки нашъунамояшон муътадил аст. Дар ноҳия дар масоҳати 12000 метри мураббаъ  гулгаштҳо бунёд шуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ дар соли таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ  ба масъалаи кишти зироатҳои кишоварзӣ диққати махсус равона намудааст. То ин давра хоҷагиҳо аз 238 гектар 20632 сентнер хӯроки чорво захира кардаанд. Дар хоҷагиҳои баландкӯҳ, дар ҳудуди деҳоти Язгулом, Водхуд  ва М. Абдуллоев дарави ғалла оғоз  гардид, баъди ҷамъоварии пурраи ҳосил кишти такрории зироатҳо гузаронда мешавад.                                                               
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2021    №: 143    Мутолиа карданд: 1381
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед