сиёсат
ИЗҲОРИ ТАСАЛЛИЯТ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андуҳи гарон хабар медиҳад, ки 20– уми июли соли 2021 қалби хоҳари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонбӣ Раҳмонова дар синни 64-солагӣ аз тапидан боз монд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ниҳоят вазнин ба бародари марҳум – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу табор ва наздикону пайвандонашон изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.07.2021 №: 144 Мутолиа карданд: 1167