иқтисод
ДАРВОЗ. РУШДИ САНОАТ ОЯНДАСОЗ АСТ!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз фаъолияти худро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба таҷлили пуршукӯҳи Ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гаштаанд, нақшаи махсуси чорабиниҳоро таҳия намуд. Имрӯзҳо нақшаи ҷашнӣ дар арафаи иҷро қарор дорад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба масъалаи иҷрои сифатноки буҷети маҳаллӣ тамоми чораҳоро рӯи кор оварда, дар таъмини сиёсати молияи давлатӣ як қатор корҳои назаррасро ба сомон расондааст, - иброз дошт Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвоз.
ҶАМЪОВАРИИ АНДОЗ КАЛИДИ КОМЁБИҲОСТ
Қисми даромади буҷети ноҳия аз рӯи даромадҳои худӣ ба андозаи 122,5 фоиз таъмин гардид (нақша 7 миллиону 351 ҳазору 366 сомонӣ, иҷро 9 миллиону 8 ҳазору 749 сомонӣ). Қисми даромади буҷети ноҳия аз рӯи ҳамаи намудҳои андоз пурра иҷро шуд. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 91,4 фоиз таъмин гашт (нақша 15 миллиону 806 ҳазору 996 сомонӣ, иҷро 14 миллиону 821 ҳазору 851 сомонӣ).
Ба ҳолати 1 январи соли 2021 бақияи қарзи андоз 81 ҳазору 674 сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба бақияи аввали сол 30 ҳазору 893 сомонӣ кам шуд, бақияи қарзи андоз 50 ҳазору 781 сомонӣ боқӣ мондааст, ки масъалаи мазкур то ҷамъбасти сол бартараф карда мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди мамлакат тамоми чораҳоро андешида, лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро ҷалб намуда истодааст. Ҳоло дар ҳудуди ВМКБ 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 22,8 миллион долларӣ амрикоӣ татбиқ мегардад, ки 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 13,8 миллион доллари амрикоӣ ба ноҳияи Дарвоз мутааллиқ аст ва корҳо дар ин самт идома доранд.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дарвоз барои солҳои 2020-2025 – ум 106 лоиҳаро бо маблағи умумии 405,3 миллион сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 1 июли соли рафта 19 лоиҳа пурра ба маблағи 12,1 миллион сомонӣ иҷро гардид, корҳои сохтмонӣ дар 24 лоиҳа ба маблағи 327359,0 миллион сомонӣ идома дорад.
Дар ин самт мушкили асосӣ оид ба амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дарвоз барои солҳои 2020-2025 аз мадди назар дур мондани рафти иҷрои барномаи мазкур аз тарафи идораю муассисаҳои ноҳиявӣ мебошад. Вобаста ба ин, зарур мешуморем, ки диққати роҳбарони ташкилотҳои мазкур ба ин масъала равона шавад ва дар муҳлатҳои муайянгардида иҷрои бандҳои пешбинишударо таъмин намоянд.
Бо мақсади афзунгардонии манбаъҳои нави андозбандӣ дар қайди нозироти андоз 198 шахси ҳуқуқӣ, 166 соҳибкори инфиродӣ бо шаҳодатнома, 80 соҳибкор тибқи шаҳодатнома, 454 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 54 иҷоракор ҳамчун манбаи нави андозбандӣ ва 3100 хоҷагии шахсӣ ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ 355 ҳазору 955 сомонӣ маблағ ба буҷет ворид гардид.
Дар ин давра бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохтмони 7 иншооти таъйиноти гуногун ба маблағи 396,5 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба маблағи 100,1 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд, аксари иншоот то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.
САНОАТ – ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 44044,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34465,0 миллион сомонӣ ё 451,3 фоиз зиёд мебошад. Аз 13 корхонаи саноатӣ 9 адад фаъол буд.
Истеҳсол ва тақсими неруи барқ ба 10,3 миллион сомонӣ расонда шуд, ки ин нисбат ба соли рафта 832,8 ҳазор сомонӣ ё 108,8 фоиз зиёд мебошад. Аз неругоҳҳои барқи обии “Ширг – 1” ва “Ширг - 2” 3,2 миллион кВт - соат қувваи барқ интиқол гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 187,4 ҳазор кВт - соат зиёдтар аст. Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи корҳои таъмиру таҷдиди шабакаҳои барқӣ талафоти неруи барқ 8 фоизро ташкил дод, ки мусбат арзёбӣ мегардад.
Ба ҳолати 30 июни соли 2021 ҳаҷми барқи фурӯхташуда 3 миллиону 854 ҳазору 495 сомонӣ буда, 3 миллиону 505 ҳазору 873 сомонӣ ҳаққи истифодаи неру пардохт шуд, қарзи истифодаи барқ 458,4 ҳазор сомонӣ мебошад.
КИШОВАРЗӢ ВА ЧОРВОПАРВАРӢ СОҲАҲОИ ДАРОМАДНОК
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар нимсолаи якум 14 миллиону 574 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 641 ҳазор сомонӣ камтар буда, афзоиш 95,8 фоизро ташкил дод, зеро нишондиҳандаҳои истеҳсолии маҳсулоти кишоварзӣ коҳиш ёфт.
Дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории ноҳия 10840 сар чорвои калон, 32661 сар моли майда, 18965 адад паранда, 207 асп парвариш мешаванд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 514 - то чорвои калон, 1406 - то моли майда, 5 аспу 175 сар паранда зиёд аст. Наслгирӣ низ афзудааст. 195 тонна гӯшт, 1539 тонна шир, 461 ҳазор дона тухм ба даст омадааст.
Дар ин мавсим майдони умумии кишти зироатҳои кишоварзӣ: ғалладона, лӯбиёгиҳо, картошка, сабзавот, хӯроки чорво ва ғайра 1470 гектарро ташкил дод, дар майдони 2 гектар боғи мевадиҳанда бунёд гардид, 3 гектар боғи куҳна барқарор гашт. Ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона ва кишти такрорӣ идома доранд.
Дар мавсими киштукори баҳорӣ аз тарафи БҶИИМК-и Хазинаи Оғохон ба миқдори 20 тонна тухмии картошкаи аълосифат ба маблағи 275 ҳазор сомонӣ барои деҳқонони ҷамоатҳои деҳоти Сағирдашт ва Вишхарв дастрас гардид. Ҳоло нашъунамои картошка хуб аст.
Бояд ёдовар шуд, ки назорати давлатии замин аз тарафи мутахассисони соҳа ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст, меъёрҳои аграрӣ барои кишти зироатҳои кишоварзӣ ба таври дилхоҳ риоя намешаванд.
Вобаста ба ин, зарур мешуморем, ки масъулони соҳаҳои дахлдор барои кишоварзони ноҳия баҳри баланд бардоштани ҳосили кишти зироатҳои кишоварзӣ ва маданияти итифодабарии заминҳо семенарҳо дар ҷамоатҳои деҳот доир намоянд. Илова ба ин, дигар омили пастсифатии ҳосили кишти зироатҳои кишоварзӣ ин ба бозор ворид гардидани тухмиҳои пастсифат мебошанд, ки дар мавсими кишт таъсири худро мерасонанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар маркази бехатарии озуқаворӣ бахшҳои фитасанитарӣ, карантини расаниҳо ва тухмӣ фаъолият дошта, масъалаи сифати тухмӣ ва дигар маҳсулоти ба бозор воридгардидаро аз мадди назорат дур мондаанд.
СОХТМОН ДАР ДЕҲОТ ВУСЪАТ МЕГИРАД
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оиди дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тадбирҳои зарурӣ андешида, барои амалӣ намудани дастуру супришҳои нақшавӣ ба масъулони соҳа вазифаҳои мушаххас гузошта шудаанд.
Аз 96 иншооти ҷашнӣ 81 адад ба истифода дода шуд, дар 15 иншоот корҳои сохтмонӣ идома дошта, имсол ба итмом мерасанд. 17 иншоот берун аз нақша бунёд ёфт, 134 ҷойи кори доимӣ ва 370 ҷойи кори мавсимӣ муҳайё гардиданд.
Аз 79 банди нақшаи чорабиниҳои асосӣ ва иловагӣ 60 банд ба маблағи 62,2 миллион сомонӣ пурра таъмин гашта, аз 96 иншооти пешбинишуда 81 иншооти таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода шуд, ки 84,4 фоизи бандҳои пешбинишуда мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли 2021 дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор, шарикони рушд ва соҳибкорон 10 банди нақшаи чорабиниҳо, яъне 13 адад иншооти таъйиноти гуногунсохта ба истифода дода шудааст.
БАРҚАРОРСОЗИИ РОҲҲО МУШКИЛОТРО ОСОН МЕГАРДОНАД
Дар ҳудуди ноҳия 361,7 километр роҳҳои автомобилгард мавҷуд буда, аз онҳо роҳҳои байналмилалӣ 201,3 километр, роҳҳои ҷумҳуриявӣ 6,9 километр, роҳҳои маҳаллӣ 153,5 километрро аз роҳҳои умумӣ ташкил медиҳанд.
Дар ноҳия ду муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди марказӣ, ки дар тавозуни он 245,7 километр роҳҳои автомобилгард ва муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Сағирдашт, ки дар тавозунаш 116 километр роҳҳо нигоҳдорӣ ва таъмир карда мешаванд, фаъолият менамоянд.
Барои таъмири роҳҳои автомобилгард дар нимсолаи якуми соли 2021-ум 463 ҳазору 183 сомонӣ маблағ ҷудо гардид, корҳои мавсимии таъмирию барқарорсозӣ анҷом дода шуданд.
Дар баробари ин, гуфтан зарур аст, ки азнавсозии қисми роҳи Шкев-Қалъаи Хум ба масофаи 26 километр ба маблағи 32 миллион доллари амрикоӣ аз тарафи ширкати роҳсозии чинии “Чайна-роуд” бо маром идома дошта, соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад. Илова ба ин, сохтмони 2 пул аз ҳисоби Вазорати нақлиёт ва Бонки ҷаҳонӣ дар мавзеъҳои Яхчи Пун ва Гулдара ба маблағи 28 миллион сомонӣ бо маром идома дошта, иншооти мазкур низ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Масъалаи таъмиру таҷдиди роҳҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ амалӣ шуда истодаанд, ки мушкилот вобаста ба ҳамлу нақли бору маҳсулот осон мегардад. Танҳо мушкилоти асосие, ки дар ин самт ҷой дорад, таъмири роҳи Қалъаи Хум - сарҳади Ванҷ буда, муассисаи нигоҳдории роҳҳоро зарур аст, ки дар ин самт чораҳои зарурӣ андешад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.07.2021 №: 144 Мутолиа карданд: 1474