Хабарҳо
Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»
Тими «Истиқлол» (Душанбе) дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар вилояти Суғд бо дастаи «Металлург» (Ӯзбекистон) бозии санҷишӣ гузаронд.
Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Металлург» - и Бекобод сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 ба суди бозигарони шаҳри Душанбе ба анҷом расид. Тӯби ягонаро Шервонӣ Мабатшоев (дақ. 55) ба нишон расонд.
«Истиқлол» бозии дуюми санҷишии худро бо тими дигари Ӯзбекистон «Суғдиона» (21 июл) анҷом медиҳад.
Футболбози тоҷик ба чемпионати Қазоқистон роҳ ёфт
Ниммуҳофизатгари дастаи «Истиқлол» ва тими миллии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҳимов корномаи худро дар бошгоҳи «Ордабаси» (Қазоқистон) идома медиҳад.
Тавре аз «Истиқлол» иттилоъ доданд, Муҳаммадҷон Раҳимов бо дастаи наваш, ки дар чемпионати Қазоқистон бозӣ мекунад, ба муддати як сол шартнома баст.
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020
Дастаи олимпии мо ба Ҷопон рафт
Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо шумули 23 нафар, аз қабили 10 варзишгар, барои ширкат дар ХХХII Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ба кишвари Ҷопон сафар намуд.
Оғози расмии ин чорабинии сатҳи баланди варзишӣ 23 июл буда, ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик аз 24 июл шурӯъ мешавад.
Дар олимпиада кишвари моро 10 варзишгар – Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов (дзюдо), Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ) ва Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук) намояндагӣ мекунанд.
Зӯрозмоии варзишгарони тоҷик ва дигар қувваозмоиҳо тавассути телевизиони «Варзиш» мустақиман манзури ҳаводорон мегардад.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1097