сиёсат
Санҷиши омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ ва иштирок дар гузашти низомии афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат
Соати чори субҳи 22 июли соли 2021 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми ҳудуди мамлакат бо бонги хатар ҷамъ омаданд.
Дар чорабинӣ, ки таҳти унвони «Марз – 2021» гузашт, 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ бароварда шуданд. Ин чорабинӣ дар тамоми ҳудуди кишвар ҷараён гирифта, соати ҳафти субҳ бо натиҷаҳои баланд ҷамъбаст гардид.
Баъди ҷамъбасти чорабинӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пойгоҳи Гвардияи миллӣ ташриф оварданд. Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиа, генерал-полковник Шералӣ Мирзо оид ба омодагии ҷузъу томҳо барои гузашти низомӣ гузориш дод.
Баъди иҷрои Суруди Миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, аз ҷумла ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суханронӣ намуда, ҳозиронро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.
Пас аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амри фармондеҳи парад гузашти низомии 10 ҳазор нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони дар эҳтиёт қарордошта оғоз шуд.
Бояд гуфт, ки артиш ё худ қувваҳои мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардуми он сарзамин ба ҳисоб меравад.
Аз рӯзҳои нахустини таъсиси Артиши миллӣ ҷиҳати бунёду таҷҳизондани қисмҳои ҳарбӣ, ташкили навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, пурра намудани он бо ҳайати шахсӣ ва беҳ будани омодагии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас амалӣ мешаванд.
Артиши миллии кишвар дар муддати хеле кӯтоҳ ба як неруи бузурги ҷангӣ табдил ёфта, қодир аст, ки дастоварду манфиатҳои давлати соҳибистиқлол ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя ва таъмин намояд.
Баъди суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паради ҳарбии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид. Дар маҳалли баргузории чорабинӣ техникаи вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, артиллерияи худгард ва дигар лавозимоти муосири низомӣ, ки дар ихтиёри Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат қарор доранд, аз паради ҳарбӣ гузаштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.07.2021 №: 145 Мутолиа карданд: 794