сиёсат
СИЁСАТМАДОР ВА ХОДИМИ БАРҶАСТАИ ДАВЛАТӢ
Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи сиёсатмадорон ва ходимони барҷастаи давлатие буд, ки дар ибтидои асри ХХ рисолати таърихии хешро дар назди миллат ва тақдири ояндаи он дарк намуда, тамоми қуввату дониш ва неруи маънавиашро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона сохтааст. Ӯ аз рӯзгори пуртазоду пурихтилоф сабақ андӯхта, ҳамчун шахси матиниродаву донишманд, инсони оқилу дурандеш, сиёсатмадори барҷаставу ташкилотчии моҳир ба камол расидааст.
Эмомалӣ РАҲМОН
Воқеан, ин шахсияти ҷасуру равшанзамир ҳамчун ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ ба кадом вазифае таъйин намешуд, бо ҷиддият барои ҳалли масоили ҳаётӣ ва ташкили давлати мустақили тоҷикон кӯшиш мекард. Маҳорати баланди ташкилотчигии ӯ ҳангоми адои вазифаҳои душвор дар ҷорӣ намудани арзишҳои нави ҳаёти иҷтимоӣ, барҳам додани бесаводии омма, наҷот додани аҳолӣ аз гуруснагӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон, рушди заминаҳои фарҳанги миллӣ ва монанди инҳо баръало зоҳир мегардид.
Яке аз дигар хизматҳои беназири Шириншоҳ Шоҳтемур дар қатори устод Садриддин Айнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Саидризо Ализода, Аббос Алиев, Нисор Муҳаммад ва дигарон поягузории матбуоти тоҷик мебошад. Ӯ дар таъсис ва нашри нахустин рӯзномаҳои тоҷикии «Овози тоҷик, «Деҳқони камбағал», «Раҳбари дониш», «Барои адабиёти сотсиалистӣ», «Шуълаи инқилоб», инчунин, дар нашри китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» саҳми арзанда гузоштааст. Ба тарбияи кадрҳои миллӣ низ диққати ҷиддӣ дода, аз асосгузорони нахустин донишгоҳҳои муаллимтайёркунӣ дар шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд ва баъдан Донишгоҳи кишоварзӣ буд.
Дар бораи ҳаёту фаъолияти Шириншоҳ Шоҳтемур асарҳои зиёд офарида шуда бошанд ҳам, саҳифаҳои норавшан аз зиндагии хеле кӯтоҳ, вале пурбораш, зиёданд.
Тибқи маъхазҳо, Шириншоҳ соли 1899 дар деҳаи Тишори деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ҳарчанд ин оила тангдасту нодор буд, вале босаводу дорои ҷаҳонбинии хос. Бародараш Бобошоҳ дар яке аз хотираҳояш навиштааст: «Вақте ки модарамон вафот карданд, ману Шириншоҳ хурд будем. Фақат ҳаминаш дар хотирам мондааст, ки рӯзе хонаи мо аз одамон пур шуд. Занҳо гиря мекарданд, мардҳо бо қиёфаи ғамгин хомӯш ва дар изтироб буданд… Замоне ки падарамон аз дунё гузаштанд, калонтар шуда будем ва он воқеаи мудҳиш дар хотирам сахт нақш бастааст».
Бино ба маълумоти мавҷуда, бори гарони зиндагии оилаи Шоҳтемурҳо, ки 6 бародару 6 хоҳар буданд, бар дӯши бародари калонӣ Мамадаслам меафтад. Кӯдакию наврасии Шириншоҳи ятим дар зодгоҳ, бо молбонӣ, ҳезумкашиву алафдаравӣ ва хирманкӯбӣ мегузарад. Мамадаслам додарашро пеши муаллими деҳа Шоҳзодаэрон мебарад ва ӯ то дувоздаҳсолагӣ таҳсил мекунад. Соли 1911 бо ҳидояти яке аз шахсони бомаърифати деҳа Саидмаъсум, ки дар отряди сарҳадбонони Россия ба ҳайси тарҷумон кор мекард, Шириншоҳ барои таҳсил ба мактаби русӣ - маҳаллии ин отряд дохил мешавад. Пас аз хатми мактаб, соли 1915 дар хизмати штабс - капитани отряди сарҳадбонони Хоруғ Дмитрий Сергеевич Топорнин мемонад. Моҳи майи ҳамон сол ба Тошканд меравад ва дар корхонаи Иванов ба кор медарояд.
Ҳамин тавр, ӯ дар ҳар ҷое кор мекард, таҷрибаи андӯхтааш дар корҳои баъдияш таъсир мерасонд. Бо назардошти хизмат, донишу малакаи корӣ Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1924 ба Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Туркистон даъват ва инспектори зершуъбаи аққалиятҳои миллӣ дар шуъбаи тоҷикӣ таъйин мешавад. Он ҷо марҳилаи нави фаъолияти ӯ оғоз меёбад. Он замон мақомоти ҳизбию давлатии ҷумҳуриҳои Туркистон - Бухоро ва Хоразм баҳри амалӣ кардани тақсимоти ҳудудҳои миллӣ кори зиёди ташкиливу фаҳмондадиҳиро анҷом медоданд. Шириншоҳ зимни шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳое, ки оид ба масъалаҳои миллӣ аз ҷониби КМ Ҳизби Коммунисти Туркистон омода шуда буданд, дар бораи мавҷудияти халқи тоҷик дар Туркистон ҳатто ишорае ҳам пайдо накард. Дарк кард, ки миллатгароён зери ниқоби сиёсати миллии ҳизб ва давлати Шӯравӣ мақсади ташкил кардани давлати ягонаи туркиро дар Осиёи Миёна доранд.
Чунин муносибат нисбат ба тақдири халқи тоҷик Шоҳтемурро мисли дигар равшанфикрон ором гузошта наметавонист. Ӯ дар баробари Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Иброҳим Исмоилов, Абдулқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Саидаҳмад Анваров ва дигар равшанфикрони миллӣ ба воситаи мактубу муроҷиатномаҳои пай дар пай ба унвони Бюрои осиёимиёнагии КМ ҲК Россия ва КИМ-и Туркистон эътироф намудани ҳуқуқу манфиатҳои миллии тоҷиконро қотеона талаб мекард. Далели ин гуфта «Гузориш ба Сталин дар бораи мавқеи маданӣ - иҷтимоӣ ва иқтисодии тоҷикон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мебошад.
Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1929 котиби масъул ё котиби аввали Кумитаи Ҳизбии вилояти Тоҷикистон, пас аз ташкили Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1930) котиби дуюми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон интихоб гардид. Ҳамон сол ӯ бо Александра Киселёва, ки аввали солҳои сиюм барои таҷрибаомӯзӣ ва кор ба Тоҷикистон омада буд, оиладор шуда, соҳиби ду писар - Шириншоҳ ва Рустам мешаванд.
Соли 1932 барои такмили дониш ба Москва меравад ва соли 1933 ба Тоҷикистон даъват шуда, то соли 1937 вазифаи раиси КИМ ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон, яке аз муовинони раиси КИМ Иттиҳоди Шӯравиро иҷро мекунад. Мавсуф вакили анҷуманҳои XVI ва XVII - и Ҳизби коммунистии умумииттифоқ ва иҷлосияҳои КИМ Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Барои хизмат дар таҳкими давлати шӯроҳо Ш. Шоҳтемур соли 1930 бо медали «Барои мубориза бо босмачигарӣ» ва соли 1935 бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» сарфароз мегардад.
Аз сабабе, ки авҷи ҷазодиҳии оммавии сиёсӣ зери пардаи мубориза бар зидди «душманони халқ», «ҷосусон», «миллатчиёни буржуазӣ», «агентураи душманон», «элементҳои аксулинқилобӣ» ба солҳои 30-юм рост омад, фарзандони вафодор ва дилсӯзи миллат Нусратулло Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоев аз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон ва раиси Шӯрои нозирони халқии Тоҷикистон сабукдӯш ва баъди чанд сол ҳабс мешаванд.
Шириншоҳ Шоҳтемур ба ин беадолатӣ муросо накарда, моҳи марти соли 1937 аз минбарҳои баланд ба муқобили вайронкунии қонуният, поймолкунии ҳуқуқи инсон ошкоро сухан карда, беасос маҳбас шудани як гурӯҳ ходимони ҳизбиву давлатиро сахт маҳкум менамояд. Чунин иқдоми ҷасурона, албатта, беҷавоб намонд ва дере нагузашта, худи Шириншоҳ Шоҳтемур, ки қалби ҷавонаш саршор аз меҳру муҳаббати самимӣ ба халқу Ватанаш буд, қурбони дасисабозиҳои сиёсии замон гардид. Номи мубораки ин марди фидоӣ баъд аз нуздаҳ соли маргаш (11 августи 1956) бо қарори Коллегияи Суди Олии Шӯравӣ сафед шуда, кору пайкори ватанхоҳона, симои сиёсӣ, маданияти роҳбарӣ ва тафаккури давлатдории ӯ аз нав зинда гардид.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.07.2021 №: 145 Мутолиа карданд: 2234