logo

сиёсат

МАҚОЛАЕ, КИ БОИСИ ТАҲСИН АСТ

Тӯли 7 сол аст, ки ба пажӯҳиши созҳои мусиқии осорхонаҳои кишвар машғул мебошам ва дар натиҷаи таҳқиқотҳоям соли 2020 рисолаи номзадиамро таҳти унвони “Созҳои мусиқии коллексияҳои осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашма дар омӯзиши таърихи фарҳанги халқи  тоҷик” ҳимоя намудам. Ростӣ, ман ба шахсият ва касбияти устод Абдулқодири Раҳим ошно нестам, вале мақолае, ки аз ҷониби он кас дар мавзӯи “Созҳои миллӣ ба омӯзишу тарғиб ниёз доранд”, ки 28-уми декабри соли 2020 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба табъ расидааст, хело муҳим ва саривақтӣ медонам. Ман навиштаи ӯро такрор намекунам, аммо иловаҳо дорам. Албатта, созҳои мусиқии мо то ҷое омӯхта шудаанд ва дар ҳоли омӯзиш ҳам қарор доранд. Ҳамзамон, якчанд таҳқиқотҳои рӯйикоромада ҳам дар ҷавобияи вазири фарҳангамон З. Давлатзода ба мақолаи Абдулқодири Раҳим зикр карда, ки 5-уми июл дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр шудааст. Бояд қайд намуд, ки пеш аз ҳама? доир ба ҳифз, омӯзиш ва тарғиби созҳои миллиамон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд. 
Ҳанӯз соли 1998 ҳангоми боздид аз Осорхонаи созҳои мусиқии Гурминҷ Завқибеков Пешвои миллат дар дафтари хотироти тамошобин мулоҳизаҳои худро чунин сабт намудаанд: «Осорхонаи созҳои мусиқии акаи Гурминҷро тамошо карда, як олам таассурот  гирифтам. Ин дар Тоҷикистон ягона осорхонаест, ки дар он асбобҳои гуногуни мусиқии аз ниёгон баёдгормонда бо ташаббус ва саъю талоши ин ҳунарманди тавоно гирд оварда шудаанд. Илова бар ин, мо дар осорхона намунаи асбобҳои мусиқии халқҳои гуногуни ҷаҳонро низ мебинем. Ин осорхона дар тарбияи эстетикии ҷомеа, бахусус ҷавонон, хизмати босазо мекунад». Илова бар ин, зимни сафари кориашон Пешвои миллат ба ноҳияи Ишкошим дастур доданд, то 26 адад сози мусиқии усто Масайн Масайнов барои Осорхонаи миллии Тоҷикистон харида шавад. Ҳамчунин, Пешвои миллат аз ҳунарманди ноҳияи Нуробод Отаҷон Ваҳҳобов 8 адад сози мусиқиро харида, ба Осорхонаи миллӣ ҳадия намуданд. Бо супоришашон, инчунин, толори махсуси созҳои мусиқии миллӣ дар Осорхонаи миллӣ созмон ёфт.  Ҳамин таваҷҷуҳашон ҳам моро водор менамояд, ки ҳарчи бештар ба омӯзиш ва тарғиби созҳои миллиамон ҷиддан машғул бошем.  
Дарвоқеъ, мо созҳои миллиамонро ба таври зарурӣ наомӯхтаем. Он таҳқиқоте, ки то ҳол доир ба омӯзиши созҳои миллиамон анҷом додем, умумианд. Яъне, моро зарур аст, ки таҳқиқоти хос ва ҷудогонаи илмиро доир ба ҳар як сози мусиқӣ анҷом диҳем. Махсусан, доир ба истилоҳоти созҳои мусиқӣ дастоварди илмӣ рӯйи кор наомадааст. Агар ба таърихнигории ҳунари созтарошиамон назар андозем, ин масъала низ хело кам мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқон қарор гирифтааст. 
Яке аз масъалаҳои муҳими дигар, доир ба омӯзиши созҳои мусиқии халқи тоҷик, ки тамоман дар канор мондааст, ин омӯхта нашудани созҳои мусиқии тоҷик, ки дар осорхонаҳои хориҷӣ, махсусан осорхонаҳои Россия нигоҳдорӣ карда мешаванду дар охири асри XIX ва асри XX аз ҷониби олимони соҳаҳои гуногун, ба вижа мардумшиносон ҷамъоварӣ шуда буданд. Боиси таассуф аст, ки як қисми онҳо дар асри ХХ аллакай ба манфиати фарҳанги миллии баъзе аз кишварҳои ҳамҷавори мо бо ҷалби муҳаққиқони рус омӯхта шуданд. Вале имрӯз яке аз вазифаҳои соҳаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки муҳаққиқони ватаниро ба таҳқиқи созҳои мусиқии тоҷик, ки дар осорхонаҳои Россия маҳфузанд, равона кунад. Махсусан, коллексияи созҳои мусиқии кишваршиноси машҳури садаи XIX - и тоҷик Акрам - Паҳлавон Аскаров, ки дар Эрмитажи давлатии шаҳри Санкт - Петербург маҳфуз аст, то ҳол омӯхта нашудааст. Инчунин, созҳои мусиқии аз ҳудуди Тоҷикистон ҷамъоваринамудаи муҳаққиқони рус, Эйхгорн А. Ф. (1844 - 1909), Зарубин И. И. (1887 - 1964), Самойлович А. Н. (1880 - 1938), Рачинский И. И. (1861 - 1921), ки дар осорхонаҳои Россия маҳфузанд, ба таҳқиқоти хос ниёз доранд.
Дигар масъалаи муҳиме, ки бояд роҳи ҳалли худро ёбад, ин таъсиси Осорхонаи созҳои мусиқии миллӣ мебошад. Албатта, имрӯзҳо дар осорхонаҳои кишвар беш аз 1000 адад созҳои мусиқӣ нигоҳдорию муаррифӣ карда мешаванд. Ва осорхонаҳои махсуси созҳои мусиқӣ аз ҷумла, дар Душанбе - Осорхонаи созҳои мусиқии Гурминҷ Завқибеков, дар Ховалинг - Осорхонаи созҳои мусиқии усто Ғулом Қодиров, дар Рӯшон - Осорхонаи созҳои мусиқии Мусаввар Минаков, дар Хуҷанд - Осорхонаи мусиқии Ҷӯрабек Муродов амал мекунанд. Аммо зарур аст, ки дар пойтахтамон осорхонаи махсуси созҳои миллӣ ташкил намоем, то ҳарчи бештар созҳои мусиқиамонро муаррифӣ бикунем. Яъне, дар чунин осорхона бо истифода аз осори бостоншиносӣ (тасвири созҳои мусиқӣ дар деворнигораҳо ва пайдо шудани як қисми созҳои мусиқии аз чӯб ва устухон сохташуда аз ёдгориҳои Тоҷикистон) метавонем таърихи созҳои миллиамонро бештар ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем. Дар чунин осорхона садҳо созҳои миллии дар тӯли таърих инкишофёфта ва дар даврони истиқлолият такмилшударо муаррифӣ бояд созем. Инчунин, бояд ансамблҳои созии фолклориро ташкил намоем, ки созҳои миллиамон зуд - зуд ба сайёҳони хориҷӣ навохта шаванд. Ин ҳам роҳи хуби омӯзиш ва муаррифии созҳои миллиамон мебошад.
Дар охир зикр менамоям, ки мақолаи  навиштаи Абдулқодири Раҳим  “Созҳои миллӣ ба омӯзишу тарғиб ниёз доранд” боиси таҳсину офарин аст. Чунки он ба яке аз масъалаҳои муҳими фарҳанги миллии мо бахшида шудааст. 
 
Ҳасан НУРМАТЗОДА, 
сардори шуъбаи бақайдгирии фондӣ 
ва феҳристнигории Осорхонаи миллии Тоҷикистон, 
номзади илмҳои таърих
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.07.2021    №: 145    Мутолиа карданд: 923
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед