ҳуқуқ
Ҷиноят ва ҷазо
ТАСАРРУФИ 586116,67 СОМОНӢ
айбдоршавандаро ба толори суд бурд
Амали ғайриқонунии як корманди ҶДММ «Илмию истеҳсолӣ»-и Иттифоқи «Тоҷикматлубот», ки ба тасарруфи 586116,67 сомонӣ айбдор мешавад, барои баррасӣ ба дасти суд расидааст. Дар ин бора Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, Раҳмонқул Раҳмонов, мутахассиси техникӣ - барқчии ин ниҳод, аз моҳи марти соли 2019 то декабри соли 2020 аз истгоҳи трансформатори Т-1-630/10-и ҷамъияти мазкур ба миқдори 980683 кВт соат неруи барқро истифода намуда, аз соҳибкорони корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва савдои дар ҳудуди ҷамъият фаъолияткунанда 586116,67 сомонии истифодаи барқро ҷамъоварӣ кардааст. Вале ин маблағро ба ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» пардохт накарда, бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ тасарруф намудааст.
Дар ин асос, нисбат ба Р. Раҳмонов бо моддаи 245 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятӣ (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардидааст.
МУШТЗӮРӢ
Марди 74-сола домодашро бо зарби корд ба беморхона фиристод
Дар ноҳияи Ҷайҳун кормандони милитсия пирамарди 74-соларо ба гумони қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд.
Тавре маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, боздоштшуда 18 июли соли ҷорӣ дар хонаи истиқоматиаш дар пайи як муноқиша домодашро, ки аз ӯ марди 31-сола ном бурда мешавад, бо ду зарби корд маҷрӯҳ намуд. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Ин дар ҳолест, ки мӯйсафеди боздоштшуда қаблан бо моддаи 111 Кодекси ҷиноятӣ (қасдан расондани зарари миёна ба саломатӣ) суд шудааст.
ҒОРАТГАРӢ
Милитсия гумонбарро дастгир кард
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷавони 24-солаеро боздошт намуданд, ки дар содир кардани ҷинояти ғоратгарӣ гумонбар дониста мешавад.
Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, ҷавони дастгиршуда шаби 13 ба 14 июли соли 2021 дар кӯчаи Н. Қарабоеви шаҳри Душанбе ошкоро аз дасти марди 32-солаи сокини пойтахт телефони мобилии тамғаи «Редми Х-4»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ходиса ғайб задааст.
Зарари расондашуда 1 ҳазору 500 сомониро ташкил дода, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.07.2021 №: 145 Мутолиа карданд: 3091