Хабарҳо
САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД
Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуда, инчунин, ба аёдати сокиноне рафт, ки наздикону пайвандонашон бар асари заминларза ба ҳалокат расиданд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, 10 июл бар асари заминларза дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт хисороти ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шуд.
Бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худи ҳамон рӯз бо роҳбарии Сарвазири мамлакат комиссияи салоҳиятдор таъсис ёфта, барои омӯзиши вазъият, муайян кардани ҳаҷми хисорот ва бартараф кардани зарари расондашуда аъзои комиссия ба ҷои ҳодиса сафарбар гардиданд.
Оилаҳои зарардида бо ҷойи зисти муваққатӣ, ёрии аввалияи тиббӣ ва хӯроки гарм таъминанд.
СЕЛ САБАБИ ТАЛАФОТИ ҶОНИВУ МОЛӢ ГАРДИД
Бар асари боронҳои пуршиддат дар ҳудуди чор шаҳру ноҳияи вилояти Суғд омадани сел ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа, дар шаҳри Панҷакент 12 нафар ба ҳалокат расид. Офати табиат инчунин, қисман ба 15 бинои истиқоматӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, 3 километр роҳи байни деҳаҳо зарар расонда, боиси талафоти 35 сар чорво гардид.
Дар деҳаи Вашани Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бошад, сел 4 километр роҳи мошингард, 2 пул ва хати барқро вайрон карда, таҳхонаҳои 8 бинои истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ қисман аз лой пур шуданд.
Дар деҳаҳои Пасти-Гал, Хабишар, Тит, Рогиф ва Ревемутки Ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ин офат 3 бинои истиқоматӣ пурра, 5 бино қисман, 8 иншооти ёрирасон, 10 километр роҳ, 20 гектар замини корам ва 2 пул осеб диданд.
Дар деҳаи Росровути Ҷамоати деҳоти Росровут ва деҳаи Некти Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич 15 бинои истиқоматӣ, роҳ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз сел қисман хароб шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 848