сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН
22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Президенти Федератсияи Русия дар иртибот ба даргузашти хоҳари Сарвари давлати мо изҳори тасаллии амиқ карданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия мубодилаи афкор намуданд.
Таваҷҷуҳи хоса ба мувофиқа кардани ҷадвали мулоқот ва тамосҳои дар сатҳи олӣ пешбинишуда ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар сиғаи ҳамкориҳои бисёрҷониба зоҳир шуд.
Дар ин замина, ҷонибҳо ҷараёни омодагиро ба сафари расмии қарибулвуқӯи Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд. Аҳамияти татбиқи минбаъдаи амалии иқтидори азими ҳамёрии Тоҷикистон ва Россия дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ таъкид гардид.
Сарварони ҳар ду давлат оид ба талошҳои минбаъдаи тарафҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ибрози ақида намуданд. Дар ин замина, масъалаҳои марбут ба баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва саммити ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баррасӣ шуданд. Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон соли равон вазифаи раисиро дар созмонҳои бонуфузи минтақавии зикршуда иҷро мекунад.
Ҳамзамон, зимни суҳбати телефонӣ мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ сурат гирифт. Аз ҷумла, мушкилоти Афғонистон баррасӣ шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин бо изҳори нигаронӣ дар бораи рушди ташвишовари вазъ дар ин кишвар суҳбат карданд. Дар зимн, ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд ҳам ҳамоҳангсозии зичи амалҳои ҷонибҳо дар ин самт ба мувофиқа расиданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.07.2021 №: 146 Мутолиа карданд: 1229