logo

барқияҳо

БАРҚИЯҲОИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар робита ба даргузашти Қурбонбӣ Раҳмонова – хоҳари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарварони як қатор давлатҳо ва ҳукуматҳои хориҷӣ номаҳои изҳори тасаллӣ ворид гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар номаи тасаллии худ гуфтааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Бародари азиз!
Хабари ҳузнангези марги бармаҳали хоҳари маҳбуби Шумо Қурбонбӣ Раҳмонова моро сахт андуҳгин намуд.
Дар ин рӯзҳои душвор ва ғамангез ба Шумо ва ҳамаи аъзои оилаатон эҳсоси ҳамдардии самимӣ ва тасаллияти амиқ изҳор менамоем.
Аз Аллоҳи бузург хоҳиш дорам, ки рӯҳи рафтагонро баракат диҳад, ба Шумо ва наздиконатон тасаллӣ, ҳамраъйӣ ва сабр фиристад».
 
 
 
 
Нурсултон  Назарбоев,  Президенти  якуми  Ҷумҳурии  Қазоқистон – Елбаси дар номаи тасаллиаш чунин нигоштааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Хабари даргузашти хоҳари азизатон Қурбонбӣ Раҳмоноваро бо андуҳи амиқ дарёфтам. Даргузашти шахси наздик фоҷиаи ислоҳнопазир аст. Ба Шумо ва пайвандонатон ғамшарикам.
Итминон дорам, ки симои дурахшони марҳум, ки дар Иди муқаддаси Қурбон ба файзи Аллоҳ гузаштааст, дар қалби пайвандон ва дӯстон ҷойгоҳи фаромӯшнашаванда хоҳад гирифт.
Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо, оилаатон ва тамоми мардуми Тоҷикистон изҳори тасаллӣ мекунам».
 
 
 
 
Дар паёми тасаллии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Лутфан, таъзияи амиқи маро дар робита ба марги бармаҳали хоҳаратон Қурбонбӣ Раҳмонова қабул фармоед.
Мутаассифона, вируси маккор аз байн бурдани ҷони азизони моро бераҳмона идома медиҳад.
Хотираи неки хоҳари Шумо дар дили тамоми халқи тоҷик ҳамчун як шахси дорои меҳрубонӣ ва хиради фавқулода, ки тамоми ҳаёти худро ба фаъолияти пуршарафи тарбияи насли навраси арзанда бахшидааст, боқӣ хоҳад монд.
Ба талафоти ҷуброннашавандаатон ҳамдард буда, ба Шумо ва наздиконатон дар ин лаҳзаҳои душвор сабру таҳаммул мехоҳам».
 
 
 
 
Дар барқияи тасаллии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов гуфта мешавад:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Лутфан, таъзияи амиқи маро дар робита ба вафоти бармаҳали хоҳаратон Қурбонбӣ Раҳмонова қабул фармоед.
Дар ин лаҳзаи душвор ба ғаму андуҳатон шарик буда, ба Шумо ва ҳамаи аъзои оилаатон сабри ҷамил ва таҳаммул мехоҳам.
Аз Аллоҳи мутаол хоҳиш мекунам, ки марҳумро мағфират кунад ва дар биҳишт ба ӯ осоиштагӣ ато фармояд».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.2021    №: 146    Мутолиа карданд: 4684
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед