Хабарҳо
ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, субҳи 22 июл 100 ҳазор нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, дар маҷмӯъ, 230 ҳазор нафар бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ оварда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.
Инчунин, 20 ҳазор афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ иловатан барои пуррагардонии қисмҳои ҳарбии сарҳадбон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристода шуданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суханронӣ дар назди хизматчиёни ҳарбӣ зикр кард, ки ба ҳимояи Ватан ва марзу буми он омода будани на танҳо ҷавонони синни даъват, балки ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси кишвар нишонаи рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар яки мову шумост.
- Танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад. Барои таҳкими неруи мудофиавии кишвар, ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ мо на танҳо ба мутахассисони содиқи низомӣ, сарбозони бомаърифату соҳибфарҳанг, аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта ва аз сидқи дил хизмати ҳарбиро ихтиёркарда, инчунин, ҷавонмардони дар эҳтиёт қарордошта низ эҳтиёҷ дорем, - афзуд раиси вилоят.
Қурбон Ҳакимзода дар роҳпаймоии ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар гуфт, ки вазифаи асосии ҳайати шахсии минтақаи мудофиаи ҳудудии вилоят ва ноҳияҳои мудофиаи ҳудудӣ, пеш аз ҳама, гирифтани пеши роҳи душманони миллат ва гурӯҳҳои ҷинояткори ба ҳудуди вилоят воридшуда ба ҳисоб меравад. Ҳар яки шумо, чун сарҳадбонон дар сафи пеши ҳифзи сарҳади давлатӣ ва суботу оромии сокинони вилоят қарор доред ва бояд интизоми ҳарбиро ба таври қатъӣ риоя намуда, доим ҳушёру зирак бошед, нагузоред, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор фазои орому осудаи Ватан ва зиндагии осоиштаи мардуми шарифи Тоҷикистонро халалдор созанд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо вилояти Хатлон зиёда аз 420 км, асосан, иборат аз минтақаву мавзеъҳои мураккаб ва душворгузар сарҳад дорад. Вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, хусусан авзои Афғонистон оқибатҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсар ва шаҳрванди дар эҳтиёт қарордоштаи бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намуда, барои ҳимояи он ҳамеша омода бошанд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 860