Хабарҳо
РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД
Субҳи 22 июли соли равон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз - 2021» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ аз ҳисоби ҷавонон, афсарону сарбозони қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла дар ноҳияи Рашт, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, дар маҷмӯъ, зиёда аз 2500 нафар бо бонги хатар дар маҳалли муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ омада, ҳолати омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд. Ҳамчунин, дар чорабинӣ техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву нақлиётӣ, мошинҳои махсуси замонавӣ ва дигар силоҳу муҳимоти муосири ҳарбӣ мавриди омодабошӣ қарор доштанд.
Роҳбарияти мақомоти низомии ноҳия ва иштироккунандагони чорабинӣ ваъда доданд, ки ҳар яки мо тамоми имконияту неру ва маҳорату малакаи худро барои дар руҳияи садоқат ба савганди ҳарбӣ, ҷасорату мардонагӣ, ҳимояи боэътимоди истиқлолу озодӣ ва марзу буми давлатӣ равона намуда, дар ин роҳ ҷоннисорӣ хоҳем кард.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 903