Хабарҳо
Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки то 25 июли соли равон бо сабаби болоравии ҳарорати ҳаво дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва қисмати ғарбии ВМКБ омадани селҳои пиряхӣ эҳтимол дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз аҳолӣ бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки ҳамаи чораву тадбирҳои бехатариро риоя карда, селроҳаву ҷӯйбору каналҳоро сари вақт тоза намоянд. То ҳадди имкон ба маҳалҳои селомади кӯҳӣ барои чарондани чорвою ҷамъоварии ҳезум ва ҳар гуна рустаниҳои доруворӣ нараванд. Рафтан ба моҳидорӣ низ дар чунин рӯзҳо маслиҳат нест, чун оби рӯдхонаҳо баногаҳ метавонад баланд шавад. Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар маҳалҳои кӯҳӣ ва маконҳои хатарноке, ки омадани сел эҳтимол дорад, ҷиддан қоидаҳои бехатарӣ ва фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд.
Мулоқоти Баҳодур Шерализода бо роҳбари Барномаи озуқавории
ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо роҳбари навтаъйини Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Мусаллам мулоқот кард.
Дар ин дидор масоили марбут ба лоиҳаи грантӣ «Таҳкими устувории ҷомеаҳои осебпазир ва озуқаворӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим тавассути баланд бардоштани иқтидор ва диверсификатсияи воситаҳои зиндагӣ дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Фонди иқлими сабз маблағгузорӣ мешавад, баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амиқтар намудани ҳамкорӣ байни кумита ва БОҶ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим ва ташаккули иқтидори он дар оянда кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.
Аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон 40 ҳазор воя ваксина дастрас шуд
Дар асоси ҳамкории дуҷониба аз тарафи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 ҳазор воя ваксинаи «AstraZeneca» ҳамчун кумаки башардӯстона дастрас гардид.
Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ дод, тақдими вояҳои ваксинаи мазкур аз ҷониби кишвари Озарбойҷон идомаи ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар ба шумор рафта, ин ташаббус аз равобити неки ду давлати дӯсту бародар гувоҳӣ медиҳад.
COVID-19. 56 нафар сиҳат ёфтанд
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 68 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин, 56 нафар пас аз муоилиҷа сиҳат ёфт.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 22 июл дар кишвар 14359 нафар гирифтори COVID-19 сабт шуда, аз ин то санаи зикргардида 13902 нафар (96,8%) шифо ёфтаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз сокинон даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 933