иҷтимоиёт
ОРАШ АЛОӢ: «МАН НИҚОБ МЕБАНДАМ, ШУМО ЧӢ?»
«Хонум! Ниқоб бандед, ки мариз мешавед!» Шеваи бегона, аммо ошно маро аз роҳ боздошт ва зуд ниқобамро бастам. Чун бодиққат нигоҳ кардам, шинохтамаш. Ин Ораш Алоӣ, вирусшиноси машҳури эронитабори муқими Амрико, сарвари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню - Йорк аст. Ҳамоне, ки ҳини мавҷи аввали бемории COVID – 19 тариқи ВАО бо далелҳои илман асоснок мардуми кишварро, ки ба таҳлука афтода буданд, ором ва ба зиндагии муқаррарӣ даъват намуд.
Вохӯрии мо дар маркази саломатии № 1-и пойтахти кишвар тасодуфан рух дод. Фурсатро аз даст надодам. Бо ӯ атрофи бемории COVID – 19, ки имрӯз кишвари мо бо мавҷи дувуми он дастбагиребон аст, суҳбате анҷом додем, ки фишурдаи он пешкаши хонандагони рӯзнома мегардад.
- Вазорати тандурустии кишвари мо дар ҳоле аз хуруҷи нави COVID - 19 иттилоъ дод, ки ҷаҳон имрӯз аз зуҳури шаклҳои нави ин беморӣ мегӯяд. Ба назари Шумо ҳоло дар Тоҷикистон кадом навъи COVID – 19 хуруҷ намудааст?
- Барои дақиқ муайян намудани он, ки дар Тоҷикистон кадом навъи COVID - 19 мавҷуд аст, бояд дар ин самт озмоишҳои ихтисосӣ (сиквенсинг) анҷом бипазиранд. Аммо бо таваҷҷуҳ ба нишонаҳое, ки дар беморон мебинем, ба назари ман дар Тоҷикистон ду навъи коронавирус - ҳам навъи куҳна ва ҳам намуди нави он – штамми «Делта» мавҷуд аст. Коронавирус ҳиллагар аст, зуд - зуд шаклашро дигар мекунад. Коршиносон беш аз садҳо навъи онро муайян намудаанд, аммо танҳо 4 навъашро бо назардошти он, ки бошиддат паҳн мешаванд, хатарнок мешуморанд. Штамми «Делта» аз ҷумлаи онҳост. Ба пиндори мо ва ҳам тибқи гузоришҳое, ки рӯи даст дорем, штамми «Делта» аз Ҳиндустон ба Афғонистон ва чун Тоҷикистон бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, ба кишвари шумо ворид шудааст.
- Нишонаҳои шакли нави он аз шаклҳои қаблӣ чӣ тафовут доранд?
- Шакли пештараи он дар инсон бо сулфаи хушк, дарунравӣ, беҳолӣ, эҳсос накардани бӯй ва мазза аз худ дарак медод. Нишонаҳои шакли нав илова ба нишонаҳои гузашта шомили обрезиши бинӣ ва гулудард мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 85 дарсади одамони сироятёфта ба табобат ниёз надоранд. Чунин нафарон бояд аз ташхис гузаранд ва на камтар аз ду ҳафта дар хонаи алоҳида ва бидуни алоқа бо дигарон бимонанд.
- Вақте бори аввал коршиносон аз хуруҷи коронавирус иттилоъ доданд, мардуми кишвари мо чун дигар сокинони сайёра ба таҳлука афтоданд. Аммо ба назар чунин мерасад, ки ҳоло мардум COVID – 19 - ро ба навъе нодида мегиранд.
- Ин вирус душмани инсон аст, душмани ҳиллагаре, ки ҳар лаҳза шаклашро дигар мекунад ва метавонад инсонро ба ҳалокат бирасонад. Агар аз душман битарсему ба таҳлука афтем, бар мо ғалаба мекунад. Инчунин, агар натарсем ва нодида бигиремаш метавонад сабаби фавти 1 то 3 дарсади шахсони гирифтор ба COVID – 19 шавад. Пас, зарур аст натарсем, таҳлука накунем ва, дар баробари ин, зирак ва ҳушёртар аз вирус бошем. Илм мегӯяд: агар сарҳади даҳон ва биниро бибандем, дастҳоро бишӯем, фосилаи на камтар аз яку ним метрро риоя кунем, ҳавои хонаро зуд - зуд иваз намоем бо ҳамин корҳои сода метавон бар ин душмани қотил пирӯз шуд.
- Вазъи кунунии кишвари моро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Тоҷикистон дар оғози мавҷи дувуми COVID – 19 қарор дорад. Рафти он ба муносибати мардум вобаста аст. Агар ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем, нисбат ба ҳаёти худ ва атрофиён бетафовут набошем, мавҷи дувумро метавон қабл аз оне, ки шадид гардад, пешгирӣ намуд. Агар ба масъала ҷиддӣ муносибат намоем, давоми 4 ҳафта метавон пеши роҳи паҳншавии вирусро гирифт. Ба шарте ки қоидаҳои пешгирии онро риоя намуд. Агар не...
- Дуруст аст, ки вируси COVID – 19 аз байн намеравад ва мо, инсонҳо, бояд бо он зиндагӣ карданро омӯзем?
- Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки коронавирус садҳо сол қабл ҳам вуҷуд дошт, аммо қотил набуд. Бубинед, қабл аз соли 1963 мардум зуком мешуданд. Донишмандон таҳқиқ карданд то бидонанд чӣ боиси авҷи беморӣ мегардад. Натиҷаи таҳқиқ нишон дод, ки яке аз сабабҳо вируси корона мебошад. Аммо коронавирус он замон марг дар пай надошт. Бо гузашти солҳо вирус ҷаҳиш ва тағйири шакл кард. Аз соли 2002 дар инсон фавт эҷод намуд. Ҷаҳиши дувуми вирус 10 сол баъд, яъне соли 2012 рух дод ва он замон низ марг дар пай гузошт. Ҷаҳиши сеюм, ки ҳоло идома дорад, низ фавт ба бор овард. Яъне, мо қаблан ҳам бо вирус зиндагӣ мекардем, аммо он замон марговар набуд. Минбаъд низ бо вирус зиндагӣ мекунем, вале корҳоеро бояд анҷом дод, то дигар марг дар пай нагузорад. Бо ин сабаб, донишмандони ҷаҳон ваксинаи (эмгузорӣ) коронавирусро ихтироъ намуданд, ки сипари боэътимод ба шумор меравад. Агар шаҳрвандон ба эмкунӣ фаро гирифта шаванд, фавт ва ҳолатҳои вазнин кам шуда, бемориро мисли як зуком пушти сар мекунанд. Яъне, дар ин сурат бо вирус зиндагӣ мекунем, аммо моро намекушад.
- Чаро имрӯз баъзе аз шаҳрвандон ба позаҳри коронавирус эътимод надоранд ва бо ин сабаб худро аз он канор мегиранд?
- Ваксинаҳо дар пайи омӯзиши олимони соҳа ба вуҷуд омадаанд. Озмоишҳои дар ин самт анҷомдодаи олимони марказҳои бузурги илмии ҷаҳон далели онанд, ки ин ваксинаҳо бехатаранд ва самаранокиашон то ҳадде зиёд аст, ки фавт ва ҳолатҳои вазнинро хеле – хеле кам мекунанд. Яъне, бехатарии ваксинаҳоро илм собит намудааст ва мо бояд, ки ба илм бовар дошта бошем. Ҷомеае, ки ба илм бовар дорад ва ба он такя мекунад, пешрафта аст. Эмкунӣ роҳи асосии пешгирии хуруҷи COVID – 19 мебошад. Ба ин хотир, то имрӯз дар дунё миллионҳо нафар алайҳи коронавирус эм шуданд. Мардуми шарифи Тоҷикистон танҳо замоне ниқобро канор гузошта метавонад, ки 85 дарсади аҳолии синни аз 18 боло алайҳи COVID – 19 ба иммунизатсия фаро гирифта шаванд. Танҳо дар ин сурат хавфи сироят ба вирус аз байн меравад.
- Эҳтимоли паҳн гардидани мавҷи сеюм вуҷуд дорад?
- Агар мардум худро эҳтиёт накунанд, бале. Мо кишварҳоеро медонем, ки бо ин сабаб мавҷи чорум ва панҷуми бемориро пушти сар мекунанд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.07.2021 №: 147 Мутолиа карданд: 2415