иҷтимоиёт
САНГВОР. АВЛАВИЯТ БА ҲИФЗИ СОЛИМИИ АҲОЛӢ
Аз рӯзҳои нахустини сар задании пандемияи ҷаҳонии коронавирус кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Сангвор дар якҷоягӣ бо ташкилоту муассисаҳои дигар корҳои беҳдоштию поккориро ба роҳ монда, ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ корҳои омодагиву пешгириро барои ҳифзи солимии аҳолӣ амалӣ намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар кӯтоҳтарин фурсат тайёр намудани шуъбаҳои муваққатӣ барои қабули беморон аз зумраи чунин тадбирҳо мебошад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ҳудуди ноҳия барои табобату пешгирӣ аз бемории COVID-19 тамоми шароит ба роҳ монда шудааст. Хушбахтона, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба ин навъи беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани кор дар беморхонаи марказӣ бо дастгирии шарикони рушд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия шуъбаи бемориҳои сироятӣ сохта ба истифода дода шуд.
- Ташкили гурӯҳи корӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус бо усули фаҳмондадиҳии байни аҳолӣ кори мо - кормандони соҳаи тибро осон кардааст. Ситоди ноҳивӣ ба ҳар деҳаю маҳалла сафар намуда, дар рафти суҳбатҳо хурду бузурги ноҳияро хотиррасон менамоянд, ки барои ҳифзи саломатии худу пайвандон бетарафӣ зоҳир накунанд. Ҳамарӯза гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рафта, бо нигоҳдошти талаботи пешбинишуда, яъне фосилавӣ, суҳбату вохӯриҳо доир намуда, сари вақт шустани дастон бо собун ва истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ, ҳатман пӯшидани ниқоб, ҳамеша таҳти назорат гирифтани кӯдаконро мефаҳмонанд, гуфт - Маъруф Ёров, сардухтури идораи назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия.
Воқеан, омили асосии пайдошавии тамоми касалиҳо, бахусус бемориҳои сироятӣ ин истеъмоли нодурусти маводҳои ғизоие, ки муҳлати истифодабариашон гузаштааст ва риояи нодурусти гигиенаи шахсӣ ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки бо талошҳои шабонарӯзии масъулони ноҳия барои таъмини солимии аҳолӣ дар шаш моҳи соли равон барои риоя нагардидани қоидаҳои санитарӣ–гигиенӣ ва иҷро накардани тавсияҳо ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятшаванда, ба 4 нафар корманди мағозаву ошхонаҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва таълимӣ ба маблағи 660 сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст. Ҳамчунин, 84 санҷиши ҳолати санитарӣ-гигиении ошхонаву фурӯшгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо ва муассисаҳои соҳаи маориф гузаронда шуда, 15 ҷарима ба маблағи 2040 сомонӣ баста шудааст. Аз ин рӯ, ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани кор дар ин самт масъулони соҳаи мазкурро дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар зарур аст, ки назоратро дар самти санитарию эпидемиологӣ дуруст ба роҳ монда, барои кам кардани шумораи беморони сироятӣ чораҳои судманд андешанд, то тавонем худ ва дигаронро аз ин вирус эмин дорем.
Гулнисои САЪДОНШО,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.07.2021 №: 147 Мутолиа карданд: 571