logo

иқтисод

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон бо иштироки котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода  натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар шаш моҳи соли равон ҷамъбаст гардид. 
Зимни ироаи гузориш муовини раиси вилоят Анвар Иматшозода зикр кард, ки тайи нимсола маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 454,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 111,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 110,3 дарсад иҷро шуд. 
Зикр шуд, ки ҳоло дар вилоят 57 корхонаи саноатӣ амал менамояд. Соли ҷорӣ тибқи “Нақшаи амал” сохтмони 18 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси 134 ҷои кор дар назар аст. 
Баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 910 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 683-тояш ба истифода дода шуд. 
Раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер роҷеъ ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва рафти омодагиҳо ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр, таъсиси субзонаи Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” дар маҳаллаи Тем бо бунёди 7 корхонаи саноатӣ, таъмини сокинони шаҳр бо оби нӯшокӣ гузориш дод. 
Насрулло Маҳмудзода, котиби Шӯрои амният, таъкид кард, ки ҷиҳати татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатии коркарди маъданҳои кӯҳӣ бояд чораҳои зарурӣ амалӣ шаванд. Дар ҳамин ҳол аз фаъолият накардани баъзе аз корхонаҳои саноатии вилоят изҳори нигаронӣ  шуд. Бо мақсади сазовор  истиқбол гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сифатнок иҷро намудани корҳои созандагию бунёдкорӣ, тезондани ҷараёни кор дар иншоот аз раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят масъулияти бештар тақозо гардид. Бо ёдоварӣ аз  хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус, таъкид рафт, ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии он мардум бояд қоидаҳои санитарию гигиениро қатъан риоя намоянд. 
Насрулло Маҳмудзода дар робита ба авзои ноороми Афғонистон зикр кард, ки  минтақаҳои наздисарҳадӣ таҳти назорати доимии қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон  қарор доранд. Мардум бояд хотирҷамъ бошанд ва дар таъмини амният ва суботу оромии ҷомеа  ҳиссагузорӣ  намоянд. 
Раиси вилоят Ёдгор Файзов бо изҳори миннатдорӣ ба Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба дар самти расидан ба ҳадафҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ  гуфт, ки пешравиҳои бадастомада  дар қиёс ба имконият ва зарфиятҳои мавҷудаи вилоят ҳоло қонеъкунанда нестанд. Зикр шуд, ки масъалаи зимистонгузаронӣ, аз ҷумла таъминот бо  қувваи барқ, амнияти озуқаворӣ, захира намудани маводи сӯзишворӣ, бе талаф ҷамъ овардани ҳосил, сарфакорона истифода бурдани ҳосили рӯёндашуда ва роҳ надодан ба хароҷоти зиёдатӣ аз вазифаҳои муҳими нимсолаи дуюм ба шумор мераванд. 
Раиси вилоят афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дар раванди тағйирёбии иқлим, махсусан бо роҳи ташкили гармхонаҳо бамаврид хонда, таъкид сохт, ки ба ин масъала бояд солҳои минбаъда низ таваҷҷуҳи бештар равона гардад. 
- Ҳамаи ниятҳои нек амалӣ мегарданд, дар сурате  ки волоияти қонун ва суботу оромии ҷомеа таъмин бошад, - гуфт раиси вилоят ва афзуд, ки дар шароити феълии мураккаб гардидани вазъи минтақа аз ҳарвақта дида, бояд бештар дар атрофи Ҳукумати мамлакат сарҷамъ бошем ва бо рӯҳияи болида Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатиро сазовор пешвоз гирем.
 
Раҳмони  ГУЛЗОР, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2021    №: 147    Мутолиа карданд: 1842
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед