Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
ТАСС. Ҳодисаҳои тирпарронӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз 17 то 23 июл ҷони 430 нафарро рабуд. Ин ҳисоботро шабакаи телевизионии амрикоии ABC дар асоси маълумоте, ки аз ҷониби ташкилоти тадқиқотии Gun Violence Arc тартиб дода шудааст, нашр кард.
Лента. Ру. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷорӣ кардани эмгузаронии маҷбурӣ ва баргардондани режими ниқобро ҳамчун чораҳои мубориза бо пандемия дар шароити афзоиши бемориҳои коронавирус баррасӣ мекунад, - хабар медиҳад CNN.
Известия. Низомиёни Сурия ҳамлаи неруҳои ҳавоии Исроил ба вилояти Димишқро баргардонданд,- гуфт муовини раиси Маркази оштии тарафҳои даргир дар САР контр-адмирал Вадим Кулит.
ТАСС. Бар асари сӯхтор дар департаменти Од, воқеъ дар ҷануби Фаронса 800 гектар майдони рустанӣ ба коми оташ рафт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1684