Хабарҳо
Варзиш
ТОКИО – 2020
Бурду бохти боксчиёни тоҷик
25 июл дар Бозиҳои олимпии Токио – 2020 муштзанҳои тоҷик: Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев ба набард баромаданд.
Баҳодур Усмонов (- 63 кг) муқобили Леонел Сантос Нунез (Доминикан) ба ринг баромада, бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Акнун ӯ дар даври 1/8-финал 31 июл бо Элнур Абдураҳимов (Ӯзбекистон) муҳориба мекунад.
Шаббос Негматуллоев бошад, (-81кг) аз Даксиан Ченг (Чин) шикаст хӯрда, аз идомаи рақобат маҳрум гардид.
Боксёри дигари тоҷик Сиёвуш Зуҳуров (+ 91 кг) бо Мурод Алиев (Франсия) 29 июл зӯрозмоӣ мекунад.
Аввалин медали Бозиҳои олимпии Токио – 2020 – ро рӯзи 24 июл варзишгар Қиан Йанг (Чин) дар тирандозӣ аз камони бодӣ дар масофаи 10 метр ба даст овард. То ҳоло варзишгарони 33 давлат соҳиби медал шудаанд, аз ҷумла намояндагони 13 давлат ба гирифтани медали тилло даст ёфтанд.
Ба барномаи Бозиҳои олимпӣ 33 намуди варзиш (50 равия) ворид аст ва 11 324 варзишгар давоми 17 рӯз барои 339 маҷмӯи медалҳо қувва меозмоянд.
ФУТБОЛ
Сармураббии мунтахаби Россия интихоб гардид
Иттиҳоди футболи Россия (ИФР) Валерий Карпинро сармураббии тими миллии Россия таъйин кард. Ӯ дар ин вазифа Станислав Черчесовро иваз намуд.
Шартнома бо мутахассиси 52 - сола то 31 декабри соли 2021 амал мекунад.
Гуфта мешавад, ки ИФР дар сурати натиҷаҳои дилхоҳ метавонад шартномаро бо Карпин тамдид созад.
Сармураббии навтаъйин давоми шаш моҳ, ҳам дар тими миллии Россия ва ҳам дар дастаи «Ростов» фаъолият мебарад.
Маҳмуд БАҲРОМ,
шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 882