Хабарҳо
ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказондаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли таҳсили 2021 эълон шуда, тариқи паёмак ба рақами телефони ҳар як довталаб ирсол гардид.
Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо оварда мешавад, ба комиссияи қабули он муроҷиат намоянд.
Довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфтае, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардидаанд, ҳуқуқи иштирокро дар озмуни тақсимоти такрорӣ доранд.
COVID - 19.
87 ҳолати нави сироят сабт шуд
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 87 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавирус ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин, 74 нафар пас аз муолиҷа солим аз беморхонаҳо баромад.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 25 июл дар кишвар 14592 нафар гирифтори COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин то санаи зикргардида 14096 нафар (96,5%) шифо ёфт.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз сокинони кишвар даъват менамояд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
АМИТ "Ховар"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 903