сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ
24 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори дигар дар иртибот ба даргузашти хоҳари Сарвари давлати мо изҳори тасаллӣ карданд.
Пешвои миллат ба ҳамтои худ барои дастгирӣ ва ҳамдардӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Зимни суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Ӯзбекистони дӯстро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфтанд.
Дар ин замина, Пешвои миллат фаъолияти пурсамари муҳтарам Шавкат Мирзиёевро дар маснади Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба ӯ эҳтироми бузург ва эътибори баланд овард, таъкид карданд. Дар ин замина, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистони бародар ва мардуми он дар роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва шукуфоӣ таҳти роҳбарии оқилонаи муҳтарам Шавкат Мирзиёев дастовардҳои беназир орзу намуданд.
Пешвои миллат, инчунин, кӯшишҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро оид ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии байни кишварҳоямон баланд арзёбӣ намуда, аҳамияти бузурги натиҷаҳои сафари расмии чанде пеши ӯро ба Тоҷикистон, ки ба ҳамкории гуногунсоҳаи тарафҳо ба нафъи халқҳоямон такони нав бахшиданд, тазаккур доданд.
Дар ҷараёни суҳбат президентҳо оид ба як зумра масъалаҳои байналмилалӣ ва рӯзмарраи минтақавӣ мубодилаи афкор карданд. Аз ҷумла, ҷараёни рушди ташвишовари вазъ дар Афғонистони ҳамсоя дар маркази таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.07.2021 №: 147 Мутолиа карданд: 1020