Хабарҳо
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД
24 июли соли ҷорӣ, соати 9:30 беш аз 20 сокини деҳаи Коктоши Ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон ба мавзеи наздисарҳадии Қуммазор, маҳаллаи И. Файзуллоеви Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара омада, бо шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаи лафзӣ намуданд. Сипас, шаҳрвандони Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон сангпартоӣ карданд.
Бо мақсади ҳалли қазияи мазкур ба ҷойи ҳодиса сарҳадбонони ҳар ду ҷониб ҳозир шуданд. Сарҳадбонони Қирғизистон бар хилофи талаботи созишномаҳои қаблан баимзорасида амали ғайриқонунии сокинони деҳаи Коктошро дастгирӣ намуда, бе ягон асос нисбат ба шаҳрвандон ва сарҳадбонони Тоҷикистон аз силоҳи оташфишон истифода карданд. Марзбонони тоҷик ба амали ғайриқонунии сарҳадбонони қирғиз ҷавобан тир кушоданд.
Изҳороти Хадамоти марзбонии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба қарор доштани мавзеи Қуммазор дар ҳудуди ин кишвар, ки дар сомонаҳои қирғизӣ нашр гардид, асоси ҳуқуқӣ надорад. Зеро, тибқи ҳуҷҷатҳои тақсимоти миллӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ва маводи комиссияи паритетии соли 1989 минтақаи мазкур пурра ба ҳудуди Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Масъалаи зикргардида мавриди баррасӣ ва таҳқиқи намояндагони расмии мақомоти дахлдори тарафҳо қарор дорад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 931