барқияҳо
БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ БА РАИСИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН СИ ҶИНПИН
26 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
“Муҳтарам ҷаноби Раис!
Хабари ба ҳалокат расидани мардум бар асари боришот ва обхезиҳои шадид, ки харобиҳои зиёдро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба бор оварданд, боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Ҳамдардии самимии худро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиӣ изҳор дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.07.2021 №: 148 Мутолиа карданд: 4612