logo

иқтисод

ХУҶАНД. ДАР НИМ СОЛ 770 НАФАР БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

- Таъмини аҳолӣ бо ҷои кор яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ дар ин самт нишон медиҳанд, ки вазъи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ сол ба сол беҳтар мегардад, - гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Хуҷанд Гулчеҳра Наҷмиддинзода.
 
Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», нимсолаи аввали соли равон 1990 шахси бекор ба қайд гирифта шуд. Дар ин муддат 770 нафар, аз ҷумла 497 зан, дар соҳаҳои саноат, хоҷагии манзилию коммуналӣ, тандурустӣ, санъат, фарҳанг, маориф, бонк, сохтмон, маркази савдо ва хизматрасонӣ бо ҷои кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гашт. Тибқи нақша, то охири сол таъсиси боз 1240 ҷои кори дигар дар назар аст. 
Ҷиҳати татбиқ кардани қарори раиси вилоят аз 12 майи соли 2009 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои муқаррар намудани квота барои ба кор қабул намудани гурӯҳи алоҳидаи аҳолӣ» 68 бекор, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонистанд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҷои кор таъмин шуданд. 
Ҳамчунин, ба 85 нафар, аз ҷумла аз оилаҳои ниёзманд, шахсони бекор, сарбозони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда ва шаҳрвандони аз маҳбас озодшуда, дар ҳаҷми 43 ҳазору 595 сомонӣ ёрипулии якдафъаина пардохт гардид.
Оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2006 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ расондани хизматҳои машваратӣ ва кумаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд” ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри ривоҷу равнақи фаъолияти соҳибкорӣ ба 30 шаҳрванди бекор ба маблағи  125 500 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуданд. Онҳо айни замон дар соҳаҳои чорводорӣ, хизматрасонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар бахшҳо фаъолият доранд. Дар асоси шартномаи тарафайн, 50 корҷӯи беихтисос ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гашт.
Ҳамзамон, дар корхонаи воҳиди давлатии «Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд» 120 нафар аз рӯи ихтисосҳои гуногун ба курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат, аз ҷумла ошпазӣ, муҳосибӣ, оператори АТК, дӯзандагӣ, кешбофӣ ва қолинбофӣ ҷалб шуда, 155 нафар соҳиби касб гардид. 
Илова бар ин, ҷиҳати бо кор таъмин кардани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, дар шаҳр нуҳ ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд. Дар онҳо 337 корхонаву ташкилот, муассиса ва корфармо иштирок карда, ба корҷӯён 4978 ҷои кори холӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод гашт. Дар натиҷа, 83 корҷӯ бо кор таъмин ва нафарони зиёд ба касбомӯзӣ ва корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб гардиданд.  
 
Кароматулло АТО,  
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2021    №: 148    Мутолиа карданд: 2976
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед