logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Онҳое, ки ҳаёти пурбаракати хешро дар роҳи илм сипарӣ менамоянд, кору рӯзгорашон барои дигарон ҳамеша намунаи ибрат мебошад. Профессор Ҳамид Маҷидов - олими барҷастаи соҳаи табиатшиносӣ аз зумраи ҳамин гуна донишмандон аст. Ин донишманди тоҷик бо корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва ихтирооти дар ин самт ҷоринамудааш на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар доираҳои илмии ИМА, Испания, Олмон, Чехословакия, Австрия  низ маҳбубият пайдо намудааст.
Олими пурмаҳсул мебошад. Доир ба “Асосҳои физикаи гармӣ”, “Асосҳои физикаи молекулӣ ва термодинамика”, “Газҳои айнӣ, моеъҳо ва ҷисмҳои сахт” асарҳои илмии гаронарзише эъҷод намудааст. Мавриди зикр аст, ки рисолаи номзадиаш “Гармигузаронии эфирҳои мураккаби кислотаи сирко дар фишор ва ҳароратҳои баланд” (соли 1972) ва ҳам рисолаи докториаш “Хосиятҳои гармӣ - физикии системаҳои донагии барои тақсим намудани сӯзишвориҳои моеи яктаркиба истифодашаванда” (1990) мавзӯъҳое ҳастанд, ки барои дар амал тадбиқ намудани барномаи азхудкунии Моҳ замина гузоштаанд. Дар кишварҳои аз ҷиҳати илм пешрафта, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад, аз натиҷаҳои корҳои илмии донишманди тоҷик Ҳамид Маҷидов ба таври васеъ истифода мебаранд, ки ин боиси ифтихори илми тоҷик мебошад. 
Омӯзгори бомасъулият аст. Дар таҳияи китобҳои дарсӣ низ саҳм дорад. Муаллифи китоби дарсии физика  барои синфҳои 7, 8, 9, 10 ва ”Нуҷум” барои синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. “Роҳнамои физика” барои синфҳои 7, 9 (соли 2019) ва “Ҳалли масъалаҳо аз фанни физика барои  синфи 10” (соли 2020) низ ба қалами ӯ тааллуқ доранд.  
Ба қалами ин марди роҳи илм беш аз 400 асари илмӣ, китобҳои дарсӣ, маводи гуногуни илмӣ - методӣ, мақолаҳои илмиву амалӣ, восита ва дастурҳои таълимӣ тааллуқ доранд, ки дар онҳо мубрамтарин масъалаҳои соҳаи илми физика ва таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мегӯяд, ки қадрношиносӣ нисбат ба табиат инсонҳоро ҳамеша ба фоҷиа мебарад. Ба ҳамин хотир ва барои дарки дурусти табиат барои донишҷӯён китоби “Консепсияи табиатшиносии муосир” - ро таҳия намуд, то донишҷӯён ҳамчун ояндаи ҷамъият битавонанд бо табиат оқилона муносибат намоянд.
Мехоҳад ки дар лоиҳаи аср – кушодани роҳ ба сӯйи Моҳ нақш гузорад. Пайи ёфтани усуле мебошад, ки техникаи ба сӯи Моҳ сафаркунанда бар хилофи қонунҳои маъмулии механикию физикӣ ҳангоми соиш гарм нашавад. Суръати ҳаракат ба дараҷаи суръати шуоъ бошад, аммо ҳама гуна фишорҳо барояш хатарнок набошанд. Бале ӯ мехоҳад, ки  намояндагони миллаташ дар ин лоиҳаи аср дар баробари намояндагони Амрико, Чин, Россия, Олмон, Британия ва Ҳинд ширкат дошта бошанд.
Хизматҳои дар роҳи илм намудаашро ба назар гирифта, ӯро соли 1991 бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон қадр намуданд.
Алҳол профессор Ҳомид Маҷидов академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Россия, узви вобастаи Академияи байналхалқии муҳандисон мебошад. Соли 2019 профессор Ҳ. Маҷидов бо медали тиллои Академияи муҳандисӣ - “Шарафи муҳандисӣ” мукофотонида шуд. 
 
Р. РАҶАБОВ, Д. ХУМОРОВ, С. ЗУБАЙДОВ, 
устодони Донишгоҳи давлатии 
тиҷорати Тоҷикистон  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2021    №: 148    Мутолиа карданд: 979
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед