иқтисод
ГУЛ АЗ САНГИ ХОРО. БАРДОШТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ "ЧИЛТАН"
«Чилтан» корхонаест, ки дар шаҳри Ҳисор дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии кишвар бунёд гардида, дар самти истихроҷ ва коркарди санги хоро фаъолият дорад. Он дорои 2 коргоҳ мебошад, ки онҳо 30 техникаи истеҳсолӣ дошта, иқтидор ва истеҳсоли шабонарӯзиашон зиёда аз 150 метри мураббаъ маҳсулоти тайёрро ташкил медиҳад. Таҷҳизотҳои васлу насбгардида истеҳсоли Чин буда, дар самти истихроҷ ва коркарди санг муосиртарин ба ҳисоб мераванд.
- Маҳсулоте, ки дар корхонаи «Чилтан» коркарду истихроҷ мешаванд, аз ҷониби сохторҳои масъул, аз ҷумла Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз санҷиш гузашта, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда доранд. Яъне, таъсири мавҷи радиатсионии он ба меъёрҳои имрӯзаи муайяннамудаи сохторҳои давлатӣ ҷавобгӯ аст. Ин ба мо имкон медиҳад, ки маҳсулоти худро дар дохил ва беруни биноҳо истифода барем. Аз ин рӯ, мо метавонем, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаамонро дар тамоми бинову иншооте, ки дар ҷумҳурӣ бунёд мегарданд, истифода намоем ва ба содирот барорем, - мегӯяд Ориф Ормонов, роҳбари корхона.
Маҳсулоти корхона имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбонҳо, роҳрав ва иншооти гуногуни пойтахт истифода гардида, ба зебоии шаҳри азизамон ҳусни дигар зам менамоянд. Айни ҳол сангҳои хорои корхонаи «Чилтан» дар бунёди иншооти ҷашнӣ, ки яке аз онҳо майдони «Истиқлол» мебошад, васеъ истифода мешавад. Аз ҷумла, қисмати асосии даромадгоҳ ва саҳни майдонро сангҳои хорои корхона зинати дигар бахшидаанд. Ҳамчунин, маҳсулоти корхона дар даромадгоҳи Боғи “Устод Рӯдакӣ” бо як тарҳи замонавӣ ва дизайни хосса истифода шудааст.
- Мо кӯшиш дорем, ки дар оянда номгӯи маҳсулоти корхонаро бештар кунем. Айни ҳол фармоиши маҳсулоти корхона дар дохили кишвар зиёд аст. Бинобар ин, талош дорем, ки маҳсулоти худро дар бозори дохилӣ бо нархи муносиб ва дастрас пешкаши харидорон намоем, - мегӯяд Ориф Ормонов.
Таъсиси корхонаи «Чилтан» ба он мусоидат намуд, ки беш аз 40 нафар ҷавонони бекор бо ҷои кор таъмин гарданд, ки 90 дарсадашон сокинони маҳаллӣ мебошанд. Барои кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, бехатарии кор дар кон ва коргоҳ зери назорати қатъӣ қарор дорад. Роҳбарияти корхона азм гирифтааст, ки дар фаъолияти минбаъдаи худ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзун намуда, ба ин васила, ҷойҳои нави кор таъсис диҳад. Ҳамзамон, дар рушду пешрафти иқтисоди миллӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии кишвар, баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум саҳми шоиста гузорад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.07.2021 №: 148 Мутолиа карданд: 1593