Хабарҳо
Варзиш
ТОКИО – 2020
Сомон то даври 1/8-ниҳоӣ омад, вале…
26 июл дар доираи Бозиҳои олимпии Токио – 2020 мусобиқаи дзюдо дар вазни то 73 кг баргузор шуд, ки дар он паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков ширкат кард.
Бар пояи маълумоти Кумитаи миллии олимпии кишвар, Сомон то даври 1/8 - ниҳоӣ бар Аҳмад Аликай (дастаи паноҳандагон) ва Файе Нҷийе (Гамбиа) пирӯз омад. Вале дар ин давр аз Рустам Оруҷов (Озарбойҷон) мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар ин вазн мақоми аввалро Шёхей Оно (Ҷопон) касб кард. Зинаи дуюм насиби Лаша Шавдатуашвили (Гурҷистон) гардида, ду ҷои сеюмро Ан Чанг Рим (Корея) ва Тсэнд-очирин Тсогтбаатар (Муғулистон) гирифтанд.
ЛИГАИ ОЛӢ
Киҳо беҳтаринҳои моҳи июл шуданд?
Лигаи футболи кишвар пас аз таҳлили бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар моҳи июл беҳтарин бозигар ва мураббиро муайян намуд.
Ҳамин тавр, унвони беҳтарин бозигарро ҳамлагари тими «Истаравшан» Илҳом Баротов, ки дар марҳилаи аввали чемпионат 7 тӯб ба самар расондааст, соҳиб гардид.
Беҳтарин мураббии моҳи июл бошад, Рустам Хоҷаев, сармураббии «Хуҷанд», эътироф гашт. Пас аз 13 давр тими ӯ бо 25 хол дар 12 бозӣ дар садри ҷадвал қарор дорад.
ТАЭКВОНДО
Аввалин медали тиллои варзишгари Ӯзбекистон дар олимпиада
Улуғбек Рашитов (68 кг), таэквондочии ӯзбек, дар финал бар Брэдли Синден (Британияи Кабир) пирӯз шуда, қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ гардид.
Улуғбек нахустин таэквондочие мебошад, ки дар таърихи варзиши таэквондои Ӯзбекистон медали олимпиро ба даст овард.
Маҳмуд БАҲРОМ,
шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1026