Хабарҳо
Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд
ЛЕНТА. РУ. Неруҳои дифоъ ва амнияти миллии Афғонистон якбора якчанд фармондеҳи «Толибон» - ро боздошт карданд. Ин иттилоъ дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар нашр шуд.
Боздоштҳо ҳангоми амалиётҳои зиддитеррористӣ дар минтақаҳои Кобул ва Ғур сурат гирифтаанд. Тибқи иттилои вазорат, фармондеҳи «Толибон» Муҳаммад Ҷон, ки ташкили ҳамлаҳоро ба уҳда дошт, дастгир шуд. Инчунин, якчанд ҷангии «Толибон» маҳв гардид.
ВКД дар бораи озод кардани деҳаҳои қад-қади шоҳроҳ ва тоза кардани роҳ аз панҷ минаи зиддитанкӣ, ки онҳоро аъзои ҳаракати радикалӣ гузоштаанд, иттилоъ медиҳад.
ХБФ 45 шахсеро, ки пинҳонӣ яроқ месохтанд, боздошт кард
ТАСС. Дар ҷараёни як амалиёти вижа дар 25 минтақаи кишвар ХБФ Россия 45 нафарро, ки пинҳонӣ силоҳ тайёр мекарданд, боздошт намуда, аз онҳо беш аз 270 силоҳ, наздики 440 лавозимоти ҷангӣ ва беш аз 26,5 ҳазор тир мусодира ва фаъолияти 32 устохонаи аслиҳаи пинҳонӣ қатъ шуд. Дар ин бора маркази робита бо ҷомеаи ХБФ хабар дод. "Хадамоти федералии бехатарӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Россия ва Росгвардия фаъолияти ҷиноятии 45 сокини 25 субъекти кишварро, ки дар барқароркунии хосиятҳои ҷангии силоҳ ва фурӯши онҳо даст доштанд, саркӯб кард», - хабар дод маркази робита бо ҷомеаи ХБФ.
ИМА то 31 декабр рисолати ҷангиашро дар Ироқ ба итмом мерасонад
ТАСС. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ният дорад рисолати ҷангии худро дар Ироқ то 31 декабр ба анҷом расонад, дар ҳоле ки дастгирӣ ба неруҳои амниятии маҳаллӣ ва низомиёни курд идома хоҳад ёфт. Дар ин бора дар изҳороти муштараки ду кишвар, ки рӯзи душанбе пас аз натиҷаи муколамаи стратегӣ нашр шуд, омадааст. Ҷаласаро котиби давлатӣ Энтони Блинкен ва вазири корҳои хориҷии Ироқ Фуад Ҳусейн раисӣ карданд.
"Ҳайатҳо, пас аз машваратҳои техникии ахир, тасмим гирифтанд, ки ҳамкории амниятӣ комилан тағйир хоҳад ёфт ва он ба омодасозӣ, машварат ва омӯзиши неруҳои ироқӣ, мубодилаи иттилоот равона хоҳад шуд ва то 31 декабри соли 2021 ҳеҷ як неруҳои амрикоии дар рисолати ҷангӣ ширкаткунанда дар Ироқ боқӣ нахоҳанд монд", - гуфта шудааст дар изҳорот.
Дар Беларус 4,2 ҳазор парвандаи ҷиноятии марбут ба ифротгароӣ ва терроризм боз шудааст
ТАСС. Тайи як соли охир аз ҷониби прокуратураи Беларус беш аз 4,2 ҳазор парвандаи ҷиноятии марбут ба экстремизм ва терроризм оғоз шуда, аз ин 704 парванда, аллакай, дар судҳо баррасӣ шудаанд. Дар ин бора Прокурори генералӣ Андрей Швед пас аз мулоқот бо Президент Александр Лукашенко хабар дод.
Вай тавзеҳ дод, ки онҳое, ки дар чунин ҳолатҳо даст доранд, чун қоида, ба ҷавобгарии қатъӣ кашида мешаванд. Ӯ итминон дод, ки прокуратура барои ҷустуҷӯи ҳамаи ашхоси ба ҷиноятҳои экстремистӣ дастдошта, чораҳои зарурӣ меандешад. Дар мулоқот бо Президенти кишвар Швед дар бораи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии марбут ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Беларус дар соли гузашта гузориш дод. "Тафтишот холисона ва комилан бетарафона ҷараён доранд", - гуфт Швед.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 951